ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

25.02.2026 14:48

 
Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иштироки муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзод ва мудири шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Саъдуллозода Фурқат, инчунин роҳбарияти мақомот, кормандону фаъолони ноҳия муаррифии муовини якуми раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳалли ҳокимияти давлатӣ" бо пешниҳоди Раиси шаҳри Душанбе ва розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 феврали соли 2026 Бозорзода Рустам Бозор ба вазифаи муовини якуми раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъин карда шуд.
Дар анҷоми маросим муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзод кадри навтаъингардидаро ба муносибати таъин шуданашон ба мансаби масъулиятнок самимона табрик намуда, ба эшон дар фаъолияти минбаъдаи роҳбарӣ барору комёбиҳои назаррас таманно намуданд.