ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ ҚОДИРЗОДА РУСЛАН РАҶАБ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

23.02.2026 07:39

 
Ҳамватанони гиромӣ, хизматчиёни шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти хос ҳамаи Шумо — афсарону сарбозон, собиқадорони хизмати ҳарбӣ ва кулли мардуми ноҳияро ба муносибати 23 феврал – 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик менамоям.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимоди давлат ва кафили амнияту суботи ҷомеа зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккул ёфта, имрӯз бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва масъулияти касбӣ хизмат менамоянд.
Фидокорӣ, садоқат ба Савганди ҳарбӣ, ҳифзи марзу буми Ватан ва таъмини осоиштагии шаҳрвандон аз арзишҳои волои хизматчиёни ҳарбӣ ба шумор рафта, ҳамеша мояи ифтихори миллат мебошад.
Бо итминон изҳор менамоям, ки хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳ родмардони шуҷои Ватан минбаъд низ бо ҳисси баланди масъулият, далерӣ ва шуҷоат рисолати муқаддаси хешро содиқона иҷро намуда, ба таҳкими давлатдории миллӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Ба ҳамаи Шумо сиҳатмандӣ, осоиши рӯзгор, неруи матонат ва комёбиҳои нав дар роҳи хизмати содиқона ба Ватан орзу менамоям.
Ид муборак бод!