ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 26-СОЛАГИИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ СОЗМОНИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ТАҲТИ УНВОНИ «СОЗМОНИ ХОНАНДАГОН-ҚАДАМИ УСТУВОР БА СӮИ КОМЁБӢ»

22.02.2026 07:15

 
Узви Созмони хонандагон будан ҳам ифтихору шараф ва ҳам масъулияти бузург дар назди халқу Ватан мебошад.
Дар ин замина санаи 21 феврали соли 2026 бахшида ба 26–солагии Рӯзи таъсисёбии Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони «Созмони хонандагон-қадами устувор ба сӯи оянда» баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур муовини Раиси ноҳия - Аминзода Манижабону, директори МД «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» - Сайдалиев Назрихуҷа, мудири шуъбаи маорифи ноҳия - Маҷидзода Ҷамшед, директори МД «Маркази таҳсилоти иловагӣ» - и ноҳия - Нурзода Раббонӣ, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, роҳбарони Созмони хонандагон, омӯзгорон ва хонандагони ҳудуди ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сараввал меҳмонон ҳамчун рамзи эҳтирому муҳаббат гарданбандҳои хонандагонро ба гарданашон овехта онҳоро барои аъзо шуданашон ба зинаи «Ворисони Сомониён»
табрику муборакбодӣ намуданад.
Пас аз он собиқадорони соҳаи Маориф, роҳбарони Созмони хонандагон, ва ғолибони даставии мусобиқаи даври ноҳиявии «Ватанпарвар» бо Ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Инчунин, ҷиҳати болида намудани хотири иштирокдорон аз ҷониби таълимгирандагон ва кормандони шуъбаи фарҳангии МД ’’ Маркази таҳсилоти иловагӣ’’-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ барномаи фарҳангию фароғати баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории ҳамоиши мазкур ин пеш аз ҳама рушди шахсияти хонандагон, фаъолияти худидоракунӣ, ва ба корҳои илмию фарҳангӣ ва иҷтимоию варзишӣ ҷалб намудани хонандагон мебошад.