БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

22.02.2026 07:03

 
Санаи 20 феврали соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ифтихори ҷашни 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиши идона муовини Раиси ноҳия - Манижабону Аминзода, муовини Сардори Раёсати корҳои сиёсӣ-тарбиявии дастгоҳи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник - Сафарзода Бобоҷон, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, инчунин мудирони шуъбаву бахшҳо ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ иштирок намуданд.
Чорабиниро муовини Раиси ноҳия ҳусни оғоз бахшида, зимни суханронии худ таъкид доштанд, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҳамчун сипари боэътимоди давлату миллат, рисолати муқаддаси ҳифзи соҳибистиқлолӣ, таъмини амнияти миллӣ, сулҳу суботи ҷомеа ва якпорчагии давлатро бо садоқатмандӣ ва масъулияти баланд иҷро менамоянд.
Зикр гардид, ки хизматчиёни ҳарбӣ ҳамеша омодаанд Ватан — Модарро ҳимоя намуда, манфиатҳои давлат ва миллатро содиқона дифоъ намоянд.
Дар фарҷом иштирокчиён бахшида ба 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик карда шуда, изҳори боварӣ карда шуд, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, хизматчиёни ҳарбӣ минбаъд низ дар таҳкими сулҳу субот, ободӣ ва шукуфоии Ватани азиз саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Ҳамчунин, муовини Сардори Раёсати корҳои сиёсӣ-тарбиявии дастгоҳи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник - Сафарзода Бобоҷон вобаста ба нақши калидии Артиши миллӣ дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими ваҳдату ягонагӣ ва таъмини амнияти кишвар ибрози андеша намуданд.
Чорабинӣ дар фазои ифтихор, эҳтиром ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ҷамъбаст гардид.