ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ ҚОДИРЗОДА РУСЛАН РАҶАБ БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
19.02.2026 08:38

Ҳамдиёрони азиз!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти хоса фарорасии моҳи мубораку пурфайзи Рамазонро ба кулли сокинони шарафманди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе табрику таҳният мегӯям.
Моҳи шарифи Рамазон барои ҳар яки мо моҳи сабру таҳаммул, покизагии қалб, парҳезгорӣ, худшиносӣ ва тақвияти арзишҳои волои инсонӣ ба ҳисоб меравад. Ин моҳи муборак инсонҳоро ба некиву накӯкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми якдигар, дастгирии ниёзмандон ва таҳкими ваҳдату ҳамдилӣ раҳнамун месозад.
Итминон дорам, ки мардуми бофарҳангу тамаддунофари ноҳияи мо чун ҳамеша бо эҳсоси масъулияти баланд ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки миллӣ ва динӣ, фазои сулҳу субот, оромӣ ва ҳамраъйиро боз ҳам тақвият мебахшанд. Рамазон фурсати муносибест барои анҷоми амалҳои хайр, дастгирии қишрҳои ниёзманд ва таҳкими меҳру муҳаббат миёни ҷомеа.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб ба ҳар яки Шумо саломатии бардавом, рӯзгори ободу осуда, файзу баракат дар хонадон ва қабули тоату ибодатҳоро таманно менамоям.
Бигзор моҳи шарифи Рамазон ба ҳар як хонадони сокинони ноҳия ва мардуми сарбаланди диёрамон нуру зиё, баракату раҳмат ва орзуву ниятҳои нек оварад.
Моҳи муборак бароятон муборак бод!