БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ "АМНИЯТИ ИТТИЛООТИИ ҶАВОНОН ҲАМЧУН ОМИЛИ АСОСИИ ПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВӢ БА ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТИВУ ЭКСТРЕМИСТӢ" ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
14.02.2026 09:47

Санаи 13 феврали соли 2026 бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар толори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷиҳати амалишавии «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2026-2030», инчунин ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва дар ин замина, баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии онҳо дар ҳабастагӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ҳудуди ноҳия дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм миёни донишҷӯёни муасисиаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони "Амнияти иттилоотии ҷавонон ҳамчун омили асосии пешгирии шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ" ташкил ва баргузор гардид.
Дар дар кори конференсия муовини
Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа – Манижабону Аминзода, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон – Чоршанбезода Сураҷ Сайнак, Прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 – Сафарзода Баҳриддин Сафар, ректори
Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи И. Аъзам – Аҳтамзода Абдуалим ва судяи Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе – Ҳамидзода Муҳаммадҷон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Аз ҷониби баромадкунандагон қайд, гардид, ки имрӯз ҷавонони моро зарур аст, ки дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳаргуна амалҳои хусусияти ифротӣ доштаро маҳкум намоянд.
Дар идома аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки дар истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ эҳтиёткор буда, аз он самаранок истифода намоянд.