МУЛОҚОТУ ВОХӮРӢ БАХШИДА БА 23 ФЕВРАЛ-РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҚИСМИ ҲАРБИИ 02615 "Г"_и ВАЗОРАТИ МУДОФАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
14.02.2026 09:32

Санаи 13 феврали соли 2026 бо мақсади иҷрои қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе дар робита ба таҷлили 23 феврал - Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар қисми ҳарбии 02615 "г"_и Вазорати мудофаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоту вохӯрӣ бо оростани дастархони идона баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Исмоилзода Боғигул, муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Аминзода Манижабону, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроия ва ҷавонони синни то даъватӣ иштирок намуданд.
Нахуст, иштирокдорон аз намоиши техникаҳои ҷангӣ ва мусобиқаҳои варзишии доиргардида миёни сарбозон ва ҷавонони синни то даъватӣ боздид ба амал оварданд.
Сипас, муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Аминзода Манижабону, табрикоти Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо ба сарбозону афсарон бахшида 23 феврал - Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида, иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки “Воқеияту таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои Истиқлолияти давлати соҳибистиқлоламонро аз даст надиҳем”.
Дар идома роҳбарияти қисми ҳарбӣ суханронӣ намуда, барои боздид аз буду боши сарбозону афсарон ва оростани дастархони идона дар арафаи таҷлили 23 феврал - Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.
Дар охир як қатор сарбозон бо тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Пас аз мулоқот барои афсарону сарбозон дастархони идона ороста шуд.