ТАМОШОИ ФИЛМИ ТОҶИКӢ – “ДОВ” ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
13.02.2026 11:22

Санаи 12 феврали соли 2026 дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷиҳати дастгирии филмҳои миллии тоҷикӣ, бо иштироки муовини Раиси ноҳия ва ҳайати кормандон ва намояндагони сохторҳои гуногуни ноҳия филми тоҷикӣ бо номи “Дов”-ро тамошо намуданд.
Дар ин филм масъалаҳои муҳими зиндагӣ, масъулият ва паёмадҳои амалҳои инсон ба таври ҷолибу таъсирбахш нишон дода шудааст. Тамошои филм имконият дод, ки иштирокчиён бо мазмун ва моҳияти филмҳои миллӣ шинос шаванд ва аҳамияти дастгирии филмҳои миллӣ ва фарҳангии тоҷикро дарк намоянд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳамеша ҷонибдори рушди фарҳанг ва филмҳои миллӣ мебошад.