БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГИ ЗИДДИКОРРУПСИОНӢ - ОМИЛИ МУҲИМИ МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ” ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

13.02.2026 07:12

 
Санаи 12 феврали соли 2026 аз ҷониби масъулини Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдори ноҳиявию шаҳрӣ дар самти мубориза ба коррупсия, дар толори филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе бо мақсади таъмини иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 "Дар бораи "Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030", инчунин ҷиҳати баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии қишрҳои гуногуни ҷомеа, миёни кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва касбу кори гуногуни ҳудуди ноҳия Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Ташаккули фарҳанги зиддикоррупсионӣ — омили муҳими муқовимат бо коррупсия” баргузор карда шуд.
Дар кори конференсия Раиси Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Қодирзода Ҷовидон Қодир, сардори шуъбаи муқовимат ба коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе — Маҳмудзода Олим Ҳомид ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор — Ғанизода Рустам Ғафур иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд карда шуд, ки коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ ба яке аз масъалаҳои глобалӣ табдил ёфта, он ба раванди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфӣ мерасонад.
Дар идома, баромадкунандагон вобаста ба баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионӣ ва аз байн бурдани ин амали номатлуб ибрози назар намуданд.
Дар фарҷоми конференсия ба аъзоёни Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷиҳати иҷрои босифати талаботи қонунгузорӣ дар самти пешгирии коррупсия як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.