БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ ОИД БА ВОЛЕЙБОЛ БАХШИДА БА “РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУНАТОМЕЗ”

12.02.2026 08:15

 
Санаи 11 феврали соли 2026 мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол бахшида ба “Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез” бо иштироки ҷавонони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар толори варзишии Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар баргузории мусобиқаи варзишӣ прокурори калони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Ҷаҳон Назар, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Назарзода Манучеҳр ва масъулини муассисаву идораҳо иштрок ва суханронӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи мазкур 14 даста иштирок намуда, миёни худ рақобат менамоянд.
Дар ҷамъбасти мусобиқаи варзишӣ ба ғолибон ҷом, медал, диплом ва тӯҳфаҳои хотиравии кумитаи тадорукот тақдим карда мешавад.