БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ ОИД БА ФУТБОЛ БАХШИДА БА “РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУНАТОМЕЗ”
11.02.2026 11:31

Санаи 10 феврали соли 2026 мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол бахшида ба “Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез” бо иштироки ҷавонони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар майдони варзишии "Душанбе Арена" баргузор гардид.
Дар баргузории мусобиқаи варзишӣ прокурори калони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Ҷаҳон Назар, муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Манижабону Аминзода, мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе - Саидумарзода Бобохон ва мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи мазкур 16 даста иштирок намуда, миёни худ рақобат менамоянд.
Дар ҷамъбасти мусобиқаи варзишӣ ба ғолибон ҷом, медал, диплом ва тӯҳфаҳои хотиравии кумитаи тадорукот тақдим карда мешавад.