БАРГУЗОРИИ ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРӢ БО УСУЛИ "МАКТАБ БА МАКТАБ" БО ОМӮЗГОРОН, ХОНАНДАГОН ВА ВОЛИДАЙНИ ОНҲО ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №53 НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
04.02.2026 15:41

Бо мақсади иҷрои супорши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2025, №16/10-123, иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 10 декабри соли 2025, №805 "Дар бораи таҳким бахшидани корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ дар ростои истиқболи шоиста аз 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Душанбе барои нимсолаи якуми соли 2026", ҳамзамон ҷиҳати расонидаи нуқтаҳои асосии паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ", ки санаи 16 декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа намуданд, инчунин дар доираи эълон гардидани соли 2026 "Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ" ва ба ин васила, иҷрои Нақшаи баргузории суҳбату вохӯриҳои сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар самти ҳамоҳанг сохтани фаъолияти идеологӣ ва тақвияти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон аз рӯи усули "Мактаб ба мактаб" миёни омӯзгорон хонандагон ва волидайни онҳо дар Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №53 бо иштироки масъулини шуъбаву бахшҳо ва сохторҳои дахлдори ноҳиявӣ суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории мулоқоти мазкур, фаҳмонидани муҳтавои қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак", ки санаи 20 июни соли 2024 бо тағйиру иловаҳои нав мавриди амал қарор гирифта шуданд, инчунин доир ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, пешгирии истифодаи нодурусти қувваи барқ дар байни аҳолӣ, пешгирии фарҳанги бегона, баланд бардоштани маданияти шаҳрнишинӣ, ҷалби аҳолӣ ба корҳои ободониву созандагӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас, ҷалби хонандагон ба озмуну олимпиадаҳо, дар рӯҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ тарбия намудани онҳо, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз аз ҷониби гурӯҳи корӣ мавриди шарҳу тавзеҳ қарор дода шуданд.
Бояд иброз намуд, ки чунин суҳбату вохӯриҳо тибқи ҷадвали тасдиқгардида, дар дигар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳия идома хоҳанд ёфт.