БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

04.02.2026 13:14

 
Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2025 бо иштироки доираи васеи намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Нахуст, Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб нишасти матбуотиро ҳусни оғоз бахшида, барои ҳамкории мутақобилан судманд бо мақомоти иҷроия ва муаррифиву инъикоси дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия ба кулли рӯзноманигорон изҳори миннатдорӣ намуданд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия фаъолияти худро баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе равона намуда, ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии онҳо тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Ҳамзамон, Раиси ноҳия муҳимтарин нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияро дар соли сипаригардида ба намояндагони васоити ахбори омма дар шакли рунамо (презентация) манзур намуда, сипас ба саволҳои рӯзноманигорон оид ба самтҳои гуногуни фаъолият, нишондиҳандаҳои асосӣ ва вазифаҳо барои давраи минбаъда ба таври мушаххас ва муфассал посух гуфтанд.
Дар фарҷом Раиси ноҳия ба рӯзноманигорон барои иштироки фаъолона ва баёни андешаҳои судманд, ки ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта мусоидат менамоянд, изҳори сипос намуда, ба нишасти матбуотӣ ҳусни анҷом бахшиданд.