ШАРҲ ВА ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН — САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ

02.02.2026 07:57

 
Санаи 30 январи соли 2026, дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34 ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе вохӯрии гурӯҳи таблиғотӣ вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Манижабону Аминзода, муовини сардори Раёсати кор бо ноболиғони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ, мудири шуъбаи ободонӣ ва кабудизоркунии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Ғанизода Зубайдулло, волидайни хонандагони МТМУ №34, инчунин, сокинони маҳаллаҳои Фирӯз, Гулистон, Заргар, Фирдавсӣ ва У. Хайём ҳузур доштанд.
Зимни вохӯрӣ муҳтавои асосӣ ва самтҳои афзалиятноки Паёми Пешвои миллат мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ин замина, масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, сиёсати давлатии ҷавонон, таҳкими институти оила, пешгирии амалҳои номатлуб, баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии шаҳрвандон — хусусан ҷавонон — ва вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ба таври муфассал шарҳ дода шуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ аҳамияти татбиқи саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки дар Паёми имсола ироа гардидаанд, таъкид шуд. Ҳамзамон пешниҳодҳои мушаххас барои амалӣ сохтани ин ҳадафҳо пешниҳод гардид ва Паём ҳамчун санади муҳими стратегӣ ва роҳнамои рушди минбаъдаи ҷомеа арзёбӣ карда шуд.