ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ДАР ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

02.02.2026 07:50

 
Санаи 29 январи соли 2026, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе вохӯрии намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки масъулини мақомоти иҷроия, комиссарияти ҳарбӣ, раисони маҳаллаҳо ва роҳбарони КВД “Манзилхизматрасон”-и ноҳия баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси ноҳия, Раиси комиссияи ноҳиявӣ - Қодирзода Ҷовидон Қодир ва муовини Сардори Раёсати ташкил ва сафарбарии Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон — полковник Лангари Бахтиёр Салмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни вохӯрӣ муовини Сардори Раёсати ташкил ва сафарбарии Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон — полковник Лангари Бахтиёр Салмон баромад намуда, оид ба татбиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, масъалаҳои омӯзишу омодасозии даъватшавандагон ва тадбирҳои марбут ба даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ибрози назар карданд.
Таъкид гардид, ки хизмати ҳарбӣ мактаби ҷасорат, интизом ва ватандӯстӣ буда, ҳар як ҷавон бояд худро ҳамчун муҳофизи истиқлолу амнияти давлат эҳсос намояд. Дар фарҷом ба масъулин ҷиҳати тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таъмини ҷараёни мунтаззами даъвати баҳорӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.