Паёми табрикотии Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб ба муносибати Ҷашни Сада
30.01.2026 17:49

Ҳамдиёрони арҷманд!
Бо камоли ифтихор ва эҳтиром ҳамаи Шумо — сокинони шарафманди ноҳияи Исмоили Сомониро ба муносибати фарорасии Ҷашни бостонии Сада самимона табрик менамоям.
Ҷашни Сада яке аз ойинҳои қадимтарини халқи тоҷик буда, рамзи пирӯзии рӯшноӣ бар зулмот, гармӣ бар сардӣ, заҳмати инсон бар сахтиҳои табиат ва умед ба фардои нек маҳсуб меёбад. Ин ҷашн аз фарҳанги ғанӣ, таърихи пурифтихор ва ҷаҳонбинии созандаи ниёгони мо шаҳодат дода, то имрӯз ҳамчун мероси арзишманди миллӣ ҳифз гардидааст.
Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷашну ойинҳои миллии тоҷикон эҳё гардида, мавқеи шоистаи худро дар ҳаёти маънавии ҷомеа пайдо намуданд. Арҷгузорӣ ба Сада, Наврӯз, Меҳргон ва дигар суннатҳои аҷдодӣ нишонаи худшиносии миллӣ, ифтихор аз таърих ва пос доштани арзишҳои волои фарҳангии халқамон мебошад.
Имрӯз, дар шароити сулҳу суботи пойдор ва ваҳдати миллӣ, мо вазифадорем, ки анъанаҳои неки гузаштагонро идома дода, бо меҳнати созанда, эҳсоси масъулият ва ҳамдигарфаҳмӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия ва ободонии Ватани азизамон саҳми арзанда гузорем.
Бо ин ниятҳои нек, ба ҳар яки Шумо саломатии бардавом, рӯзгори осуда, нуру гармӣ дар хонадон, файзу баракат дар кору зиндагӣ ва комёбиҳои нав орзу менамоям.
Ҷашни Сада муборак,
Ҳамдиёрони азиз !