ШАРҲ ВА ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН — САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ
27.01.2026 08:11

Санаи 26 январи соли 2026, дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе вохӯрии гурӯҳи таблиғотӣ вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Фазилатпочои Маҳмадюсуф, мудири шуъбаи ободонӣ ва кабудизоркунии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Ғанизода Зубайдулло, муовини сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Сабуров Восидулло, муовини сардори Раёсати фарҳанги МИҲД-и шаҳри Душанбе Ҳамроев Хусрав ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Зоҳидзода Аҳмад, волидайни хонандагони МТМУ №11, инчунин, сокинони маҳаллаҳои Заҳматобод, Саҳбо, Кӯҳдоман ва М. Холов ҳузур доштанд.
Зимни вохӯрӣ муҳтавои асосӣ ва самтҳои афзалиятноки Паёми Пешвои миллат мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ин замина, масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, сиёсати давлатии ҷавонон, таҳкими институти оила, пешгирии амалҳои номатлуб, баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии шаҳрвандон — хусусан ҷавонон — ва вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ба таври муфассал шарҳ дода шуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ аҳамияти татбиқи саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки дар Паёми имсола ироа гардидаанд, таъкид шуд. Ҳамзамон пешниҳодҳои мушаххас барои амалӣ сохтани ин ҳадафҳо пешниҳод гардид ва Паём ҳамчун санади муҳими стратегӣ ва роҳнамои рушди минбаъдаи ҷомеа арзёбӣ карда шуд.