ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – РОҲНАМО БА СӮИ МУВАФФАҚИЯТҲО
27.01.2026 08:04

Санаи 26 январи соли 2026, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати расонидани нуқтаҳоии асосии паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯрии кормандони милитсия бо сокинон ва фаъолони ноҳия баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Манижабону Аминзода, муовини сардори Раёсати кор бо ноболиғони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ, ёрдамчии сардори РВКД дар шаҳри Душанбе Омина Шуҳратзода, муовини сардори Раёсати нозиротӣ - ташкилии ВКД ҶТ полковники милитсия Қурбонзода Валишо, сардори ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ полковники милитсия Раҳмонзода Хуршед, намояндагони Академияи ВКД ҶТ полковники милитсия Каримзода Умар Карим ва подполковники милитсия Аҳёзода Шоҳрух иштирок намуда, доир ба самтҳои асосии Паёми Пешвои миллат ибрози назар карданд.
Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсиву стратегӣ самтҳои асосии рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишварро муайян намуда, дар таъмини суботи ҷомеа, таҳкими давлатдорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ нақши калидӣ дорад.
Ҳамзамон, масъалаҳои пешгирии ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, пешгирии омилҳои номатлуб миёни наврасону ҷавонон, баланд бардоштани масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзанд, тарбияи ватандӯстӣ, пешгирӣ аз ифротгароӣ ва терроризм, инчунин риоя ва татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар идома ба масъалаҳои тарғиби фарҳанги миллӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии ҷавонон, эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ, пешгирии нашъамандӣ, хариду фурӯши одамон, тарзи ҳаёти солим ва саҳмгузорӣ дар ободониву созандагии Ватан таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.