СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ: ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР»

26.01.2026 07:11

 
24 январи соли 2026 дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе семинари омӯзишии шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ таҳти унвони «Мақоми омӯзгор: кафолатҳои ҳуқуқӣ ва уҳдадориҳои касбӣ» баргузор гардид.
Семинар дар ҳошияи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» баргузор шуда, ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии омӯзгорон, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва кормандони соҳаи маориф оид ба мақоми ҳуқуқии омӯзгор, кафолатҳои иҷтимоиву меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои касбӣ, инчунин роҳҳои татбиқи амалии меъёрҳои қонунгузории нав арзёбӣ гардид.
Дар кори семинар муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, сарпарасти соҳа, Манижабону Аминзода, вакил, раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми ҳуқуқшиносӣ, профессор Камолзода Илҳом Икром, роҳбарон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуданд.
Семинарро мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Маҷидзода Ҷамшед Сунатулло ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» қадами муҳим дар таҳкими нуфузи касби омӯзгор, таъмини кафолатҳои ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани масъулияти касбии онҳо мебошад.
Дар сухани ифтитоҳии худ муовини раиси ноҳия Манижабону Аминзода таъкид намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои омӯзгорон, фароҳам овардани шароити мусоиди меҳнат ва баланд бардоштани мақоми иҷтимоии онҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.
Қисмати асосии семинар ба маърӯзаи профессор Камолзода Илҳом Икром бахшида шуд. Зимни баромади худ ӯ муфассал меъёрҳои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор», кафолатҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ, уҳдадориҳои касбӣ, инчунин масъулияти тарафҳоро дар раванди таълиму тарбия шарҳ дод. Профессор таъкид кард, ки татбиқи самараноки қонун аз сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва муносибати масъулонаи ҳар як омӯзгор ва роҳбари муассисаи таълимӣ вобастагӣ дорад.
Дар идомаи семинар мубодилаи афкор ва қисмати саволу ҷавоб баргузор гардида, иштирокчиён вобаста ба татбиқи амалии меъёрҳои қонун дар фаъолияти ҳаррӯзаи муассисаҳои таълимӣ саволҳо ва пешниҳодҳои мушаххас ироа намуданд.
Дар қисмати хотимавӣ натиҷаҳои семинар ҷамъбаст гардида, таъкид шуд, ки чунин чорабиниҳои омӯзишӣ ба баланд гардидани сатҳи маърифати ҳуқуқии омӯзгорон, дарки амиқи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои касбӣ ва таҳкими нуфузи касби омӯзгор мусоидат менамоянд.
Дар фарҷом аз ҷониби шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба маърӯзачиён, меҳмонон ва иштирокчиён барои иштироки фаъол ва ҳамкории судманд изҳори сипос баён гардида, ба омӯзгорон дар фаъолияти касбиашон саломатӣ ва муваффақият таманно карда шуд.