Тибқи нақшаи муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
21.01.2026 08:57

Cанаи 20 январи соли 2026 вохӯрӣ бо иштироки зиёда аз 100 нафар сокинони кӯчаву маҳаллаҳои Амиршоев, Проектная, Гулистон, Чашмасор ва минтақаи КВД "МХР" №2 баргузор гардид.
Чорабинӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баргузор шуда, зимни он масъалаҳои тақвияти пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия, ташаккули фазои зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа, бартараф намудани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, инчунин густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ дар доираи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар рафти вохӯрӣ нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мазмуну муҳтавои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», инчунин масъалаҳои вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, пешгирии фурӯш ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва риояи талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт мавриди тавзеҳ қарор дода шуданд.
Ҳамзамон, талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба коррупсия", "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак" ва "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", инчунин тағйиру иловаҳои воридгардида ба қонунгузорӣ дар самти истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ шарҳу тавзеҳ дода шуданд.
Дар чорабинӣ нозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, капитани адлия Абдухолиқзода Моҳруҳ ва нозири калони Раёсати назорати маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники хизмати назорати маводи нашъаовар Алиёрзода Наргис иштирок ва суханронӣ намуданд.