ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ — РОҲНАМО БА РУШДИ ҶОМЕА

15.01.2026 13:38

 
Имрӯз, 15 январи соли 2026, дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳамоиш вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қодирзода Руслан Раҷаб, муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб Карим, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Фазилатпочои Маҳмадюсуф, ҳамчунин муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои дахлдорӣ ноҳиявӣ, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомот ва дастгоҳи Раиси ноҳия, масъулини соҳаи ободонӣ ва кабудизоркуни иштирок намуданд.
Зимни ҳамоиш муҳтавои асосии Паёми Пешвои миллат мавриди баррасӣ қарор гирифта, самтҳои муҳими рушди иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсати давлатии ҷавонон, таҳкими оила, пешгирии амалҳои номатлуб, баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии насли наврасу ҷавон ва вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ шарҳу тавзеҳ дода шуданд.
Дар анҷоми ҳамоиш ҷиҳати татбиқи саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, ки дар Паёми имсола таъкид гардидаанд, пешниҳодҳои мушаххас ироа шуда, аҳамияти Паём ҳамчун ҳуҷҷати муҳими роҳнамо дар рушди минбаъдаи ҷомеа таъкид гардид.