БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГИИ УМУМИНОҲИЯВӢ, МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ВА "АКСИЯИ ТОЗАГИИ СОҲИЛ" ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

10.01.2026 12:05

 
Имрӯз бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дар робита ба эълон гардидани Соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ», бо мақсади сазовор истиқбол ва ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, беҳтар намудани намуди зоҳирии маҳал ва баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандон дар ҳудуди ноҳия шанбегии умуминоҳиявӣ, маъракаи ниҳолшинонӣ ва "Аксияи тозагии соҳил" ташкил ва баргузор гардид.
Дар ин тадбири ҷамъиятӣ кормандони сохторҳои дахлдори мақомот, ташкилоту муассисаҳо, вакилон ва дигар идораҳои марбута фаъолона иштирок намуда, барои тозакунии кӯчаҳо, ҷӯйборҳо, гирду атрофи биноҳои маъмурӣ, боғу гулгаштҳо ва шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз саҳми арзандаи хешро гузоштанд.