Паёми табрикотии Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб ба фарорасии Соли нави мелодии 2026
31.12.2025 16:50

Бо шарофати сиёсати хирадмандона, иқдомҳои некбинона ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навини миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад.
Соле, ки сипари мегардад барои сокинони ноҳия ва тамоми мардуми Тоҷикистони азизамон воқеан марҳилаи хуби пешравиҳо дар тамоми самт ба ҳисоб мерафт, соли 2025 дар хотираи мардуми кишварамон ҳамчун соли амалӣ гардидани ҳадафҳои неки бунёдкорона ва дастовардҳои навбатии давлати соҳибистиқлоламон нақш хоҳад баст.
Боварӣ дорам, ки соли нави 2026–ро бо умеду орзуҳои нек ва нияту нақшаҳои нави созандаи Ҳукумати кишвар истиқбол мегирем. Аз ин лиҳоз, халқи шарифу соҳибхиради кишвар аз иқдому ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат ҳамеша сарфарозу саодатманд буда, тамоми дастовардҳои Тоҷикистонро аз баракати сулҳу субот, ваҳдату ҳамдилӣ ва маҳсули даврони соҳибистиқлолии кишвар медонанд.
Мо бояд дар соли нави мелодӣ ва солҳои минбаъда ба хотири таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори меҳанпарастӣ ҳарчи бештар заҳмат кашида, бо дарки рисолати олии ватандорӣ барои ободии сарзамини муқаддасамон дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастаҷамъона саъю талош намоем.
Бигузор, Соли нави мелодии 2026 барои мардуми тоҷик соли сулҳу оромӣ, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои навин гардад!
Дар ин лаҳзаҳои идона тамоми мардуми нексиришту ватандўстӣ ноҳияи Исмоили Сомониро бо фарорасии Соли нави мелодии 2026, яъне соли идомаи корҳои созандагиву ободкорӣ ва амалӣ гардидани орзуву ормонҳои халқи тоҷик самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони миллати тоҷик рӯзгори осуда, бахти пояндаву иқболи нек ва зиндагии пурфайзу бобарор орзу менамоям.
Соли нави мелодӣ муборак,
ҳамдиёрони азиз!