БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ ЧОРУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ

31.12.2025 09:22

 
Имрӯз таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳо ва роҳбарони сохторҳои ноҳиявӣ иштирок намуданд.
Дар оғоз вакилон котиботи иҷлосияро интихоб намуда, масъалаҳои рӯзнома ва тартиби кори онро тадсиқ намуданд.
Рӯзномаи иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, даъвати ҳафтум аз рӯйи масъалаҳои зерин баррасӣ карда шуд:
- Ҳисоботи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ “Оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар ёздаҳ моҳи соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026”.
- Ҳисоботи муовини Раиси ноҳия Манижабону Аминзода оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2024, №154 “Дар бораи Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028”.
- Баррасии лоиҳаи буҷети ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои соли 2026 ва тасдиқи иҷрои буҷети ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар соли 2024.
- Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаҳои кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Маҷлиси вакилони халқи ноҳия барои соли 2026.
- Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Назруллозода Озарҷон аз ҳавзаи интихоботии №2.
- Гузориши Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Исмоили Сомонӣ “Оид ба одоби вакилон” дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҳавзаи интихоботии №27.
- Дар бораи таъин намудани интихоботи вакил ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии №27.
- Дар бораи ташкил намудани Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоби вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии №27.
- Дар бораи тасдиқ намудани қарорҳои Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ.
Дар ҷамъбасти кори иҷлосия Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию бунёдкориро дар ноҳия ҷоннок намуда, баҳри таҳким бахшидани самтҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия камари ҳиммат банданд.