МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ДУЮМИ (НОҲИЯВӢ) ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННИИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ ДАР СОЛИ 2025

27.12.2025 16:44

 
Санаи 26-уми декабри соли равон дар асоси сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии бевоситаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ” дар толори IT PARK DUSHANBE маросими ҷоизасупории ғолибони даври дуюми (ноҳиявӣ) Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид, ки дар ҷараёни баргузории чорабинии мазкур муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Раҳимзода Нурулло, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Маҷидзода Ҷамшед, директори “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе – Султонзода Нигора Латиф, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Зоҳидзода Аҳмад, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Назарзода Манучеҳр, меҳмонону волидайни хонандагон ва масъулини соҳаи маорифи ноҳия иштирок намуданд.
Муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Раҳимзода Нурулло дар оғози чорабинии мазкур хонандагон ва омӯзгоронро барои ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас дар олимпиадаҳои милливу байналмилалӣ табрику шодбош намуда, барои хонандагон дар давраҳои минбаъдии олимпиадаҳо барору комёбиҳо таманно намуданд. Инчунин аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳозиринро бо фарорасии соли нави милодии 2026 табрик намуданд.
Дар идомаи маросими ҷоизасупорӣ аз рӯи номинатсияҳои: “Панҷгонаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии фаъол дар рушди ҳаракати олимпӣ”, “Панҷгонаи муассисаҳои таълимии фаъол дар рушди ҳаракати олимпӣ миёни Литсей ва Гимназияҳо”, “Ғолибони даври дуюми (ноҳиявӣ) Олимпиадаҳои фаннии хонандагон”, ғолибони даври дуюми Олимпиада оид ба "Шоҳмот" ва "Spelling Bee" ва ғолибони даври дуюми “Олимпиадаи муштарак аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ба номи академик Осимӣ” баргузор гардид, ки як қатор муассисаиҳои таълимие, ки дар омода намудани хонандагон ба озмуну олимпиадаҳо ва рушди ҳаракати олимпӣ саҳми арзанда гузоштаанд бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.
Аз ҷумла, вобаста ба миқдори ҷойҳои ишғолнамудаи хонандагони муассисаҳо аз рӯйи номинатсияи “Панҷгонаи беҳтарини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ҳаракати олимпӣ” Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе сазовори ҷойи 1-ум, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 ба номи Бозор Собир сазовори ҷойи 2-юм, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34 ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 сазовори ҷойи 3-юм, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 сазовори ҷойи 4-ум ва Муассисаи таълимии хусусии “Контофилд” бошад сазовори ҷойи 5-ум дониста шуда, бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ карда шуданд.
Аз рӯйи номинатсияи “Панҷгонаи беҳтарини муассисаҳои таҳсилоти типпи нав дар ҳаракати олимпӣ” бошад Муассисаи давлатии таълимии Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе сазовори ҷойи 1-ум, Муассисаи давлатии таълимии Гимназияи ба номи Асадулло Ғуломов сазовори ҷойи 2-юм, Муассисаи давлатии таълимии Литсейи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ба номи Ниёз Сафар сазовори ҷойи 3-юм, Муассисаи давлатии таълимии Литсейи №5 сазовори ҷойи 4-ум, филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе сазовори ҷойи 5-ум дониста шуда, бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ карда шуданд.
Дар идома ғолибони даври дуюми (ноҳиявӣ) Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Исмоили Сомониро бо диплому медал ва тӯҳфаҳои хотирмон аз тарафи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар фарҷом баҳри болидахотирӣ ва фароғати хонандагону ҳозирин барномаи фарҳангӣ роҳандозӣ гардид, ки дар он санъаткорони варзида ҳунарнамоӣ карданд.