ИДОМАИ ВОХӮРИИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛАҲОИ ҲУДУДИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

25.12.2025 08:52

 
Санаи 24 декабри соли ҷорӣ бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 16 декабри соли 2025 ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 ноҳия вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон - Нуралӣ Ниёзи Сафар, Имомзода Нилуфар, Мусоҷонзода Ҷамила, Шаҳбози Аброр, инчунин муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Раҳимзода Нурулло ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Қурбонзода Убайдулло бо сокинони маҳаллаҳои “Сурхоб”, “Заҳматобод”, “Телман”, “М. Холов”, КВД “МХР” №5 ва омӯзгорони муассисаи болозикр баргузор карда шуд.
Зимни мулоқот баромадкунандагон қайд намуданд, ки Паёми навбатии Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки16-уми декабри соли 2025 садо дод, ҳамчун давоми мантиқии Паёмҳои солҳои гузашта, қадамҳои навбатии давлат ва ҷомеаи моро ба сӯи бунёди ҷомеаи одилона,бо маърифат ва давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ дар паҳнои амал кардҳо исиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ масъалагузорӣ намуд. Ҳадафҳои бузурги сиёсӣ ва ҳуқуқии кишвари моро вобаста ба шароиту талаботи муосир муайян намуда, имкони ба нуктаҳои муайяни самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ майл намудани сиёсати давлатиро дар соли 2026 ва панҷ соли оянда то соли 2030 баррасӣ намуд.
Гуфта шуд, ки шиори «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» рамзи олии ахлоқи инсон дӯстона ва фарҳанги баланд аст. Ин арзишҳо тоҷиконро ҳамчун миллати сулҳ парвар, башар дӯст ва дорои маърифати воло муаррифӣ мекунанд.
Бояд иброз намуд, ки чунин сӯҳбату вохӯриҳо тибқи ҷадвали тасдиқ гардида, дар дигар маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия идома хоҳанд ёфт.