ВОХӮРИИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛАҲОИ ҲУДУДИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

24.12.2025 17:07

 
Санаи 23 декабри соли 2025 бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 16 декабри соли 2025 ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 ноҳия вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Шермуҳаммад Шоҳиён, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳмадзода Дилноза ва Шаҳбози Аброр, инчунин муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Манижабону Аминзода ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Қурбонзода Убайдулло бо сокинони маҳаллаҳои “Азизбеков”, “Ҳ. Назаров”, “Куҳдоман”, “Саҳбо”, инчунин сокинони ҳудуди КВД “МХР”2, КВД “МХР”№5 ва омӯзгорони муассисаи болозикр баргузор карда шуд.
Зимни мулоқот баромадкунандагон қайд намуданд, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16-уми декабри соли 2025 садо дод, ҳамчун давоми мантиқии Паёмҳои солҳои гузашта, қадамҳои навбатии давлат ва ҷомеаи моро ба сӯи бунёди ҷомеаи одилона, бомаърифат ва давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ дар паҳнои амалкардҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ масъалагузорӣ намуд. Ҳадафҳои бузурги сиёсӣ ва ҳуқуқии кишвари моро вобаста ба шароиту талаботи муосир муайян намуда, имкони ба нуктаҳои муайяни самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ майл намудани сиёсати давлатиро дар соли 2026 ва панҷ соли оянда то соли 2030 баррасӣ намуд.
Гуфта шуд, ки шиори «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» рамзи олии ахлоқи инсондӯстона ва фарҳанги баланд аст. Ин арзишҳо тоҷиконро ҳамчун миллати сулҳпарвар, башардӯст ва дорои маърифати воло муаррифӣ мекунанд.
Бояд иброз намуд, ки чунин сӯҳбату вохӯриҳо тибқи ҷадвали тасдиқгардида, дар дигар маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия идома хоҳанд ёфт.