ИДОМАИ ВОХӮРИҲО ТАҲТИ УНВОНИ "БА МУҚОБИЛИ ОМИЛҲОИ НОМАТЛУБ ЯКҶОЯ МУБОРИЗА МЕБАРЕМ"

19.12.2025 15:25

 
17 декабри соли 2025 дар доираи нақша чорабиниҳои муштараки ХОПҲНҶ РВКД дар шаҳри Душанбе ва МИҲД-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар толори Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Манижабону Аминзода, сардори шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе полковники милитсия Хонзода Мақсадшоҳ Пирумшоҳ ва мудирони шуъбаву бахшҳои МИҲД-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо падару модарон ва хонандагони синфҳои 8-11 вобаста ба масоили ҳамкориҳои тарафайни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маориф ва оила вохӯрӣ баргузор намуданд.
Аз ҷониби баромадкунандагон дар доираи васеи масъалаҳои марбут ба пешгирии ҷинояткорӣ дар байни наврасон, пешгирии содиршавии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, авбошиҳои гурӯҳӣ, расонидани зарари ҷисмонӣ бо истифода аз корд, истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои изтиробангез мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуда, вобаста ба зарурати баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи кӯдак, муқаррар намудани назорати доимӣ аз болои рафтору муносибат ва фаъолияти рӯзмарраи онҳо таъкид карда шуд. Инчунин, наврасон ба омӯзиши ба омӯзиши забонҳои русию англисӣ, рушди фанҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ, интихоби касб, риояи тарзи ҳаёти солим, иштирок дар чорабиниҳои маърифатию варзишӣ ва дурӣ ҷустан аз муҳити носолим раҳнамоӣ гардиданд.
Баромадкунандагон, атрофи масоили пешгирии ҳолатҳои шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористӣ–экстремистӣ, муноқишаҳои байнимактабӣ, воридшавии ноболиғон ба марказҳои дилхӯшӣ ва бозиҳои компютерӣ, истифодаи нушокиҳои спиртӣ, авбошии ноболиғон, истифодаи олотҳои халандаю бурранда ва пешгирии садамаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки ноболиғон ибрози андеша карданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки чунин вохӯриву сӯҳбатҳои судманд дар дигар муассисаҳои таълимии ҳудиди ноҳия, низ ба нақша гирифта шудааст.