ҲАМОИШИ НОҲИЯВИИ ВОЛОНТЁРОН ТАҲТИ УНВОНИ "ХАЙРХОҲӢ ШАРАФ АСТ, ВОЛОНТЁР МЕШАВЕМ" БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ВОЛОНТЁРОН

08.12.2025 13:53

 
Санаи 4 декабри соли ҷорӣ дар доираи барқияномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии волонтёрон - 5 декабр Ҳамоиши ноҳиявии волонтёрон таҳти уновни «Хайрхоҳӣ шараф аст, волонтёр мешавем» доир карда шуд.
Ҳамоишро Назарзода Манучеҳр Талбӣ – мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ ифтитоҳ намуда, дар кори ҳамоиш иштирокчиёнро хайру мақдам намуданд.
Дар ҳамоиши мазкур Аминзода Манижабону - муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Маҳмудзода Нусратулло Пулод - сардори Раёсати тарбияи ватандӯстии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Баротиён Дилшод - сардори Раёсати назорати муомилоти маводи нашъаовари ва пешгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроия ва волонтёрони фаъоли назди бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар воқеъ, Волонтёрӣ - мактаби бузурги далериву шуҷоат, тавоноӣ, ҳушёриву доноӣ ва рӯҳияи солим буда, ҷиҳати ташаккули ҳамаҷонибаи наврасону ҷавонон ва умуман инсонҳо мусоидати фаъол менамояд. Чунки волонтёр танҳо шахсе шуда метавонад, ки дили гарму нияти нек, ташаббусҳои наву иядеяҳои ҷолиб ва некхоҳу некбин мебошад.
Илова бар ин, муроҷиатномаи волонтёрони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҷониби волонтёри фаъол - Қобилова Оиша қироат карда шуд.
Дар фарҷом ба ғолибони мусобиқаи тенниси рӯи миз, ки миёни ҷавонони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҳамбастагӣ бо Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 1 - уми декабр Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди ВИЧ СПИД аз санаи 1 - 3 декабри соли ҷорӣ баргузор шуда ҷамъбаст гардида буд, диплом медал, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва волонтёрон низ бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Пеш аз оғоз ва дар фарҷоми чорабинӣ Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод.