БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
20.11.2025 07:41

Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии иҷтимоии наврасону ҷавонони лаёқатманд ва дарёфти беҳтарин донишандӯзон, мутобиқ ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2015, таҳти №508 “Дар бораи Низомномаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ”, мактуби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 ноябри соли 2025, таҳти №219 “Дар бораи баргузории озмуни стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар соли хониши 2025-2026” ва қарори Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар бораи таъсис додани Комиссияи оид ба баргузории озмуни стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, касбӣ дар соли хониши 2025-2026 дар ноҳия, озмуни мазкур ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар баргузории озмуни мазкур Раҳимзода Умед - муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Аминзода Манижабону - муовини Раиси ноҳия, Раҷабалӣ Бобохонзода - Раёсати кор бо ҷавонони ва варзиши шаҳри Душанбе, Зоҳидзода Аҳмад - мудири Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия, Назарзода Манучеҳр - мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, Маҷидзода Ҷамшед - мудири Шуъбаи маорифи ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.