ҶАЛАСАИ КОРӢ БО МАСЪУЛИНИ СОҲАИ МАОРИФ, РАИСОНИ МАҲАЛЛАҲО ВА НАМОЯНДАГОНИ ШУЪБАИ КОР БО НОБОЛИҒОНИ ШВКД ДАР НОҲИЯ ОИД БА РИОЯИ ТАЛАБОТИ НИЗОМНОМАИ НАМУНАВИИ КОМИССИЯҲОИ ҶАМЪИЯТИ ДАР САМТИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК
30.10.2025 07:44

Санаи 24 октябри соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти роҳбарии раиси Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, муовини Раиси ноҳия - Манижабону Аминзода ҷаласаи корӣ бо масъулини соҳаи маориф, раисони маҳаллаҳо, намояндагони шуъбаи кор бо ноболиғони ШВКД дар ноҳия ва масъулини шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроия ҷиҳати иҷрои талаботҳои Низомномаи намунавии комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2025, №212 тасдиқ гардидааст баргузор карда шуд.
Дар суханронии хеш раиси Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ - М. Аминзода ба иштирокчиён супориш доданд, ки ҷиҳати риояи талаботҳои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак" ҳамкориро бо падару модарон ва шахсони онҳоро ивазкунанда минбаъд низ зич намуда, дар ин самт корҳои амалиро ҷоннок намоянд.
Дар идома, раиси Комиссия бори дигар масъулинро водор сохтанд, ки талаботҳои Низомномаи мазкурро қатъиян риоя намуда, тибқи тартиби муқарраргардида аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ба котиби Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки ноҳия ҳисобот пешниҳод намоянд.