БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ "РӮЗИ ОМӮЗГОР" ВА "РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ" ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
03.10.2025 16:01

Санаи 2 октябри соли равон дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе чорабинии идона бахшида ба "Рӯзи омӯзгор" ва "Рӯзи забони давлатӣ" бо як шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур, Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифова Нигина, Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Шоҳиён Абдураҳим, намояндагони вазорату идораҳо, фаъолони касбу кори гуногун, собиқадорони соҳаи маориф, масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳия ва омӯзгорони фаъол ширкат варзиданд.
Нахуст, Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ аҳли толорро ба санаҳои муҳими таърихӣ яъне "Рӯзи омӯзгор" ва "Рӯзи забони давлатӣ" шодбош гуфта, ба ҳозирин ҷиҳати саҳмгузорӣ дар тарбияи дурусти насли наврас изҳори сипосу минатдорӣ баён намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ бо мақсади арҷгузорӣ ба заҳматҳои содиқонаву софдилона як қатор омӯзгорон ва собиқадорони соҳа бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар охир баҳри болидаруҳии иштирокчиёни чорабинии мазкур аз ҷониби санъаткорон, ҳунармандон ва тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳия барномаи фарҳангии фароғатӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.