ТАҚСИМОТИ ШОҲАСАРИ БЕЗАВОЛИ ҲАКИМ АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ “ ШОҲНОМА” ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

01.10.2025 08:14

 
Шоҳасари безаволи ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ “Шоҳнома” ба аҳолии Тоҷикистон, ки бо иқдоми неки фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав ва бо сифати баланд ба нашр расидааст, дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба сокинон тақсим ва дастрас гардида истодааст.
Дар ин радиф, аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ба як қатор собиқадорон ва ходимони давлатӣ аз ҷумла, Шукурҷон Зуҳуров, Авзалов Ғайбулло, Бобосодиқова Гулҷаҳон ва Марҳабо Ҷабборӣ тақдим карда шуд.