МАШҚИ МУКАММАЛИ ЗЕРНИЗОМИ ҲУДУДИИ НИЗОМИ ЯГОНА ОИД БА ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ОҚИБАТҲОИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

25.09.2025 18:14

 
Санаи 25-уми сентябри соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ марҳилаи якум бо эълони бонги ҷамъшавӣ ҷаласа дар бораи гузаронидани машқи мукаммали зернизоми ҳудудии низоми ягона оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода баргузор карда шуд. Дар ҷаласаи мазкур Сардори мудофиаи гражданӣ - Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қодирзода Руслан Раҷаб ва роҳбари машқ муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳодатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе - Шарифзода Раҳмиддин ва Сардори ситоди мудофиаи гражданӣ - Ибодов Юсуфҷон суханронӣ намуданд.
Машқи мазкур тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба гузаронидани санҷиши ҳолати омодагӣ ва машқи мукаммали зернизоми ҳудудии Низоми ягона оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ» ва иҷрои талаботи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 30 декабри соли 2024, №871 «Дар бораи тасдиқ намудани нақшаи чорабиниҳо оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ва нақшаи пуррагардонии шунавандагони Маркази таълимию методии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2025» ва амри Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 23 сентябри соли 2025, №102 “Дар бораи гузаронидани машқи мукаммали зернизоми вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлати оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ” бо мақсади таъмини омодагии доимӣ, ҷиҳати иҷрои вазифаҳо ва саривақт бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода, мусоидат намудан барои устувории фаъолияти ташкилотҳо дар ҳолатҳои фавқулодда гузаронида мешавад.
Аз 25 то 26 сентябри соли 2025, санҷиши ҳолати омодагӣ ва машқи мукаммали зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода дар мавзўи: «Амали ҳайати роҳбарикунандаи зернизоми вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳангоми иҷрои чорабиниҳои бартарафкунии оқибатҳои заминларзаи 6-7 балла», дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баргузор гардида истодааст.