Кўдакон гулҳои ҳаёти моянд!

01.06.2021 10:07

 
Имрӯз, 1 июн дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад.
Дар оғози асри гузашта сафири Чин дар Сан-Франсиско қарор дод, ки 1 июн кӯдакони бе падару модар мондаро ҷамъ орад ва барои онҳо иде барпо намояд. Дар ҳамин рӯз дар Женева кофронс бахшида ба мушкилоти насли наврас барпо гардид. Ба шарофати ин ду руйдод ғояи таъсиси ид бахшида ба кӯдакон тавлид ёфт.
Дар солҳои охир ғамхорӣ нисбат ба кӯдакони дунё хеле муҳим гардид. Дар замони ҷангҳо бисёре аз онҳо волидайн ва наздиконашонро аз даст дода, ятим монданд. Соли 1949 намояндагони конгресси занон, ки дар Париж мегузашт, аз ҳама мардуми олам даъват ба амал оварданд, ки барои сулҳ мубориза баранд, зеро танҳо сулҳ метавонад ҳаёти хушбахтонаи кӯдаконро муҳайё созад. Ба ин тариқ, Рӯзи байналмилалии кӯдакон таъсис ёфт, ки аввалин идаш 1 июни соли 1950 барпо гардид ва он то имрӯз ҷашн гирифта мешавад.
Соли 1959 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид Изҳороти ҳуқуқи кӯдак қабул карда шуда, аз ҷониби кишварҳои зиёд эътироф гардид. Баъдан соли 1989 ин ташкилот Созишномаи ҳуқуқи кӯдакро тасдиқ кард, ки вазифа ва уҳдадориҳои ҳама давлатҳоро нисбат ба шаҳрвандони ноболиғашон муайян намуд. Дар ин ҳуҷҷат уҳдадориҳои калонсолон ва ҳуқуқи кӯдакон сабт гардидааст.
Боиси сарфарозии мо, тоҷикон аст, ки миллати куҳанбунёд ва соҳибтамаддунамон аз қадимулайём дар ҷодаи ҳимоя ва парвариши тифл, масъулияти ҷомеа ва волидайн дар тарбияи кӯдакон заминаҳои мустаҳками илмиву амалӣ гузоштаву таҷрибаи ғании гузаштагонро ҳифз кардааст. Осори бузургони илму адабамон, суннатҳои баланди оиладории мардуми тоҷик аз қадимулайём, ки дар баробари зода шудани тифл дар андешаи тарбияи солим ва дурусти он будаву аз истифодаи доя то таълиму тадрис дар назди донишмандон ва омӯзиши ҳунару одоб ва тарбияи ҷисмонии кӯдакону наврасон рисолаву дастурҳои зиёде эҷод кардаву таҷрибаҳо андӯхтаанд, гувоҳи фарҳангсолории миллати мо мебошад.
Пас аз комёб шудан ба Истиқлоли давлатӣ масъалаи таълиму тарбияи атфол ва кӯдакони мо ба шакли наву мувофиқ ба замона эҳёи тоза ёфт. Аз ибтидои даврони истиқлолият давлат ва ҳукумати Тоҷикистон дар андешаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак буда, Конвенсияи оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи Созмони ҷаҳонии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кӯдакон ва дигар асноди байналмилалиро эътироф карда, дар ин замина санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқии кишварро бо муқаррароти онҳо мутобиқ сохтанд.
Тадбирҳое, ки дар кишвари соҳибистиқлоли мо андешида шуданд, мисли таъсиси Комиссия дар дифои ҳуқуқи кӯдак дар назди ҳукумат, Нақшаи миллии амалиёт оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак барои солҳои 2003 – 2010 ва Стратегияи миллӣ оид ба саломатии кӯдакон ва наврасон барои даврони то соли 2015 гувоҳи андешидан ва анҷом додани тадбирҳои самаранокеанд, ки дар кишвари кӯдакпарвари мо анҷом дода мешаванд.
“Кӯдак бинобар норасоии камолоти ҷисмонӣ ва фикриаш ба ҳимояву ғамхории махсус, аз ҷумла, ба ҳифзи ҳуқуқ ҳам дар давраи то таваллуд ва ҳам баъди он эҳтиёҷ дорад”,- таъкид шудааст дар Эъломияи ҳуқуқи башар. Дар ин асос Ҳукумати Тоҷикистон ба кӯдакону наврасоне, ки имконияти ҷисмонӣ ва вазъи иҷтимоияшон маҳдуд аст, як силсила бартариву имтиёзҳо муқаррар намудааст, ки инҳо ба ҷавҳари инсонпарваронаи мардуми мо ва суннату таомули башардӯстонаи халқи тамаддунсозамон созгоранд. Тадбирҳое, ки бо мақсади ҳифзи иҷтимоии кӯдакон, хусусан кӯдакони маъюб андешида шудаанд, аз ин ҷумлаанд. Таҳсили ройгон, таъмини нафақа, нигоҳубину парасторї, таъмин намудан бо хобгоҳ ва ҷои кор, дастгирии вазъи моддӣ пайваста дар мадди назари масъулини ҳукумати кишвар мебошад. Дар кишвари мо таҳти кафолати давлат тамоми кӯдакон бо таҳсил ва таълими умумии ҳатмии ройгон дар муассисаҳои таҳсилоти давлатӣ фаро гирифта мешаванд.
Аз ҷониби давлат ва ҳукумати Тоҷикистон барои таълиму тарбияи ҳамаи гурўҳҳои кўдакону наврасон шароит муҳайё гардидааст. Аз ҷумла, барои фаро гирифтани кўдакони душвортарбия дар мамлакат мактаби махсус фаъолият дорад, ки таълим дар ин муассиса дар доираи барномаҳои хосса сурат гирифта, барои хонандагон шароити хуби зист ва таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст. Чорабиниҳои зиёде, аз ҷумла фестивалу озмунҳо, мусобиқаҳои гуногун, ҷашнвора ва машғулияҳои дигар барои фаро гирифтани кӯдакону наврасон ба ҳунарҳои гуногун, бедор кардани завқи эҷодии онҳо, тарбияи эҳсоси зебоифаҳмӣ ва ғайра барпо карда мешаванд, ки сол то сол доираи бештари хурдтараконро фаро мегиранд.
Бояд гуфт, ки 1 июни соли 2011 дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои идонаи Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи кӯдакон иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҷумла, таъкид намуданд: «Ин рӯз на танҳо рӯзи таърихӣ, балки айёми ба ҷомеа ёдовар шудан аз зарурати риоя ва эҳтироми ҳуқуқи кӯдак ва фароҳам овардани шароит барои ташаккули ҷомеаи инсонпарвару адолатпарвар аст. Аз ин лиҳоз, ин рӯз иди калонсолон низ мебошад. Зеро кӯдакон ниёз ба ғамхории доимӣ доранд ва калонсолон дар таъмини ниёзу эҳтиёҷоти онҳо масъуланд».
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, 1 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» таҷлил мегардад.