Таҷлили “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон”

24.05.2021 15:55

 
Ҳамасола дар қаламрави Тоҷикистон рўзи 23 май ҳамчун рўзи ҷавонон ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз ҷавонон ҳар гуна ҳамоишҳо ташкил мекунанд, роҳпаймоиҳо доир мешавад, барномаҳои хуби консертӣ, намоишҳои фарҳангӣ баргузор мегарданд.
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба “Рўзи ҷавонони Тоҷикистон 23-май” дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номии Абуабдулло Рўдакӣ бо иштироки васеи сокинон, роҳбарону фаъолон, ҷавонону варзишгарон, сарбозону афсарон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид .
Дар оғози чорабинӣ Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, муҳтарам Мирзозода Иброҳим, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, муҳтарам Раҳимзода Шоҳзод иштирок ва суханронӣ намуда, ҳамаи иштирокчиёнро ба муносибати Рўзи ҷавонони Тоҷикистон табрику таҳният намуданд.
Дар баргузории чорабинӣ роҳбарону фаъолон ва ҷавонону варзишгарон бо ифтихорнома ва сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.