ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ МАҲАЛЛИИ КОР БО ҶАВОНОН ДАР НАЗДИ РАИСИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
30.05.2023 08:16
Санаи 25 майи соли 2023, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои маҳаллии кор бо ҷавонон дар назди Раиси ноҳия доир гардид.
Дар кори ҷаласа Раиси Шӯро, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, муовинони Раиси Шӯро, котиби масъули Шӯро, аъзоёни Шӯро, гирандагони стипендияи Президентӣ, Раиси шаҳри Душанбе, Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва ҷавонони фаъоли ҳудуди ноҳия иштирок намуданд.
Ҷаласаро Раиси Шӯрои маҳаллии кор бо ҷавонон дар назди Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Қодирзод Руслан Раҷаб ифтитоҳ намуда, ба кори он шуруъ намуданд.
Тибқи тартиб гузориши котиби масъули Шўро, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Маҳмудзода Нусратулло Пулод шунида шуда, оид ба фаъолияти бахш дар нимсолаи аввали соли 2023 ҳисобот дода шуд.
Сипас, 1 нафар гирандаи стипендияи Президентӣ, 1 нафар гирандаи стипендияи Раиси шаҳри Душанбе ва 1 нафар гирандаи стипендияи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ суханронӣ намуда, миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвоми миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии пайвастаашон ба насли ҷавони кишвар ва варзишгарон расониданд.
Баъд аз суханронии масъулин Раиси Шўрои маҳаллии кор бо ҷавонон дар назди Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ суханронӣ намуда, барои пешбурди соҳа дар самти кор бо ҷавонон ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.
Зимнан, ёдовар мешавем, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Шўрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 18 июли соли 2015, таҳти №526, қарори раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 4 ноябри соли 2015, №198 ба тасвиб расида, дар назди Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шурои маҳаллии кор бо ҷавонон таъсис дода шуда, Низомнома ва ҳайати Шўро тасдиқ карда шудааст.
Шўрои маҳаллии кор бо ҷавонон дар назди Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар асоси қарори мазкур, тибқи низомнома ва нақшаи кории Шўро фаъолияти худро ба роҳ монда, дар самти тадбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” ва санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ оид ба сиёсати давлатии ҷавонон фаъолият намуда, минбаъд низ корҳои назаррас дар ин самт идома дода мешаванд.
Дар рафти баргузории чорабинӣ роҳбарияти мақомот, як қатор кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва аъзоёни Шӯро бо сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд.