Ҷамъбасти Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
26.04.2023 09:12
Санаи 25-уми апрели соли 2023 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №6-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ даври ноҳиявии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарият ва фаъолони ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок намуда, барномаи рангини консертӣ пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд. Нахуст роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ боздид намуданд. Баргузории Фестивали «Сад ранги чакан» (ҳунари чакандӯзӣ) низ яке аз тадбирҳои асили гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ буда, ҳадафи он баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори ватандорӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳангу адабиёт, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва ба ин васила муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» бо фарогирии намояндагон, занону бонувони ҳунарманди тамоми манотиқи кишвар дар 3 давр сурат мегирад. Даври аввал бо муайян намудани беҳтарин чакандӯз, сӯзанидӯз ва тарроҳ дар шаҳру ноҳия, даври дуюм дар вилоятҳо, даври сеюм яъне даври ниҳои вобаста ба масъалаҳои дар болозикргардида дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад. Ҳадафи он баланд бардоштани мақоми либоси миллӣ ва либоси муосири кӯдакон, наврасон, ҷавонон, духтарон, занон, бонувон, мардон ва риояи тарзи пӯшидани он дар мамлакат мебошад. Ҷавондухтарону ҷавонписарон ва бонувони зебои тоҷик дар ин барномаи дилнишини фарҳангӣ либосҳои тоҷиконаро вобаста ба касбу кор ва мавсими сол бо ороишоти миллӣ тавассути ҳунари волои таронаву рақс манзури иштирокдорони фестивал намуданд.