МАРОСИМИ ҲАВАСМАНДСОЗИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "ЗАБОН ДОНӢ - ҶАҲОН ДОНӢ”

17.04.2023 10:20

 

Санаи 11 апрели соли 2023 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, бо иштироки муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, сарпарасти соҳа Шарифзода Наргис Достӣ ва мудири шуъбаи маорифи ноҳия Кучарзода Ҳусния Аламхон маросими ҷоизасупории ғолибони даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Забон донӣ - ҷаҳон донӣ” баргузор гардид.
Дар ҷараёни маросим роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, падару модарони ғолибони даври ноҳиявии ин озмун ва омӯзгорон иштирок намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки бо сиёсат ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президеети Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли дуюм аст, ки аз ҷониби шаҳрдори шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ озмуни шаҳрии “Забон донӣ - ҷаҳон донӣ” гузаронида мешавад.
Боиси хушнудист, ки таълимгирандагонӣ муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия да ин озмун бо иштироки 170 нафар хонанда миёни синфҳои 5-8 ва 9-11, сабқати зеҳнӣ намуда, 12 нафар хонандагон ғолиб дониста шуданд. Ин ҳама бо шарофату ғамхориҳо ва дастгириҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад, ки ба хонандагон чунин имкониятҳо барои қобилияти зеҳниву эҷодӣ, забономӯзӣ, маҳорату малакаи суханварӣ ва дарёфти хонандагони болаёқату боистеъдод шароити хубе фароҳам оварда шудааст.
Ҳамзамон, барои ҳавасманд намудани таълимгирандагон ва ғолибони озмуни шаҳрии “Забон донӣ - ҷаҳон донӣ” инчунин ба устодону падару модарони ғолибон аз номи иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Қодирзод Руслан Раҷаб бо диплому мукофотҳо, қадрдонӣ карда шуданд.