«Оила-асоси ҷомеа ва пойдории давлат»

14.05.2021 09:11

 
Мафҳуми оилаву хонадорӣ хусусан барои миллати куҳанбунёди мо намунаҳои шоистаи суннатҳои баландро поя гузоштааст. Бузургони илму адаби таърихи миллати фарҳангсолори мо таҳқиқот, пажӯҳиш ва рисолаҳои мондагору ибратомӯзи зиёди дар мавзӯи оила ва нақши он дар ахлоқу адаб ва худшиносии инсонии ҷомеа ба мерос гузоштаанд, ки маълуму машҳуранд. Хусусан асарҳои ҷовидонаи адибони классики мо гувоҳи ин гуфтаҳоянд. Сардафтари адабиёти класикии мо устод Абӯабдулло Рӯдакӣ дар ташаккули шахсият тарбия ва муҳити оиларо омили асосӣ донистааст. Тарбияи инсон дар ин раванд, бино ба ақидаи ӯ, бояд ҳаматарафа бошад. Оила дар ҳама давру замон ҳамчун арзиши олии ҷомеа ҳисобида шуда, ҳифзи байналмилалӣ-ҳуқуқии оила, модару кӯдак дар санадҳои байналмилалӣ ба мисли Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ, Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва дигар санадҳои байналмилалӣ танзим шудаанд. Оила ба инсоният имкон фароҳам овард, то мавқеи худро дар дунё муайян созад. Зиндагии ҷамъиятӣ талаботи нави зиёдеро дар муҳаббат, тарбият ва муносибатҳои гарми инсонӣ тавлид кард. Оила ва суннатҳои оиладорӣ дар ойинҳои миллии тоҷикӣ ба фарҳанг ва маърифати ин миллати куҳанбунёд асос ёфтаанд. Гузаштагони фарҳангсиришти мо дар ин маврид рисолаву таълимоти хоссаи худро эҷод кардаанд, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсола пайваста амиқтару мукаммалтар гардидаанд. Дар баробари ин ойинҳои оиладории тоҷикон аз маросим ва суннатҳои дигари рӯзгори миллати тоҷик, мисли ҷавонмардиву футувват, озодагиву озодманишӣ, хайрхоҳиву накӯкорӣ ва инсонпарвариву башардӯстиву адолатпешагӣ сарчашма ва ғизо мегиранд. Яъне, ойинҳои оиладории миллии мо ҳадафу расолати худро дошта, дар ин мавзӯъ гузаштагони адабпарварамон таълимот ва рисолаҳои зиёде ба мерос гузаштаанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиларо ҳамчун узви асосии ҷомеа муайян намуда, дар баробари он дар мамлакат даҳҳо санадҳои меъёрию ҳуқуқии вобаста ба оила фаъолият мекунанд, ки ба рушд ва таҳкими он, пешгирии зуроварӣ дар оила ва ҳифз намудани ҳуқуқҳои аъзои оила равона гардидаанд. Оила рукни муҳими пойдори ҷомеа буда, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи оила таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ин радиф пайваста тадбирҳои судманд роҳандозӣ месозад.
Оила дар фарҳанги мардуми тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд. Танзими оила, пеш аз ҳама, ҳифзи саломатии занону модарон, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва таҳкими мавқеи онҳо дар ҷомеа, инчунин тарбияи насли солим ва ташкили оқилонаи оила мебошад.
Санаи 7 майи соли 2021 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба муносибати Рўзи байналмилалии оил ҳамоиши фарҳангӣ таҳти унвони «Оила асоси ҷомеа ва пойдории давлат» доир гардид, ки дар он оилаҳои намунавию собиқадор ва рўзгордидаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ширкат варзиданд. Аз ҳаёт ва роҳи пурпечутоби зиндагӣ ин оилаҳо ба ҷавонон қисса карда, ҷавононро ба барпо намудани оилаҳои солиму бомаърифат даъват намуданд. Баҳри болидахотирии иштирокчиён барномаи фарҳангиву фароғатӣ пешниҳод гардида, дар интиҳои чорабинӣ ба 10 нафар оилаҳои намунавии ноҳияи Исмоили Сомонӣ туҳфаҳои хотиравии Раиси ноҳия тақдим гардид. Ҳадафи асосии чорабинӣ ҳавасманд гардонидани оилаҳои намунавӣ ва ошноии насли ҷавон бо рузгордории онҳо маҳсуб мегардад.
Хулоса, оилае, ки дар он зан-модар соҳибмаълумот аст, он оила оилаи мустаҳкаму намунавӣ, ҳам дар таълиму тарбияи фарзандон ва ҳам дар муносибат бо наздикону ҳамсояҳо арзёбӣ мегардад.

Шарифзода Наргис Достӣ
Муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ