БАРГУЗОРИИ МУЛОҚОТУ ВОХУРӢ ВА КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ МИЁНИ ОМӮЗГОРОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ И. АЪЗАМ

09.03.2023 09:13

 

Санаи 7 марти соли 2023 бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2023, №541 "Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996 - 2005 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ" ва дар доираи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷиҳати баргузор намудани мулоқоту вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни донишҷӯёни курсҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди ноҳия оид ба расонидани муҳтавои паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 ироа гардида, ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстеремизм, тақлиди фарҳанги бегона, худкушӣ, хариду фурӯши одамон, нашъамандию, нашъаҷалобӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дар амал татбиқ намудани қонунҳои миллӣ миёни омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи И. Аъзам мулоқот доир карда шуд.
Дар баргузории мулоқоти мазкур Мусозода Илҳом - муовини Раиси ноҳия, Зоирзода Маҳмадулло - Комиссари ҳарбии ноҳия, Зокирзода Нусратулло - Ректори донишкада, Маҳмудзода Нусратулло - мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, намояндаи ШВКД ва омӯзгорону донишҷӯёни донишкада иштирок намуданд.
Дар баргузории мулоқоти мазкур зиёда аз 140 нафар иштирок намуданд.