ТАҶЛИЛИ “РӮЗИ МОДАР” ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

07.03.2023 09:14

 

Санаи 6 марти соли 2023 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ чорабинии фарҳангию фароғатӣ бахшида ба Рӯзи Модар баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия муҳтарам Қодирзод Руслан Раҷаб, муовинони Раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва зонону бонувони фаъоли ноҳия иштирок намуданд. Сараввал Раиси ноҳия ба ифтихори Рӯзи модар, ки дар оғози фасли зебои баҳор фаро мерасад, тамоми модарону бонувони муҳтарамро самимона табрик намуда, ба ҳар яки онҳо пеш аз ҳама, саломатӣ, хӯшбахтӣ ва рӯзгори орому осударо таманно намуданд ва тўҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Ногуфта намонад, Модар ягона шахсест, ки аз ӯ дида нафари мушфиқу ғамхор ва мӯнису меҳрубон ба фарзанд нест. Чунки модар ба фарзанд ҳаёт мебахшад, сухан гуфтану роҳ рафтанро меомӯзонад, тарбия мекунад ва дар дили фарзанди худ ҳисси муҳаббату самимият, некиву накӯкорӣ ва инсондӯстиро ба вуҷуд оварда, барои босаводу соҳибкасб ва соҳибмаърифат шудани у меҳнати зиёд менамояд ва тамоми умри худро бо ғаму шодии фарзанд сипарӣ карда, ҳамеша дар орзуи хушбахтии фарзандаш мебошад.
Дар фарҷоми чорабинии фарҳангӣ бо иштироки сарояндагони шинохтаи ҷумҳурӣ баргузор гардида ва аз ҷониби кӯдакони муассисаҳои томактабӣ ҳар гуна намоишҳо ба бонувону модарон ва занони собиқадор пешкаш карда шуд.