САРФАРОЗ ГАРДОНИДАН БО МЕДАЛИ 30 - СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

06.03.2023 10:55

 

Санаи 6 марти соли 2023 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандони мқомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва дигар сохтору мақомотҳои ноҳияро бо медали ҷашнии 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфароз гардониданд.
Дар ин радиф иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қодирзод Руслан Раҷаб, муовини Раиси ноҳия Мусозода Илҳом Хол, сардори ШВКД дар ноҳия Ашурзода Абдуҷалил, сардори раёсати молияи ноҳия Давлатзода Хуршед ва Оймаҳмадов Саидҳомид - сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.