Таҷлили рўзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии “02615г”-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

20.02.2023 10:03

 

Санаи 18 феврали соли 2023 бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бахшида ба 30-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии “02615г”-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Қодирзод Руслан Раҷаб суханронӣ намуда, аз хизмату заҳматҳои шабонарӯзии сарбозону афсарони кишвар, бахусус сарҳадбонони шуҷои ватан, дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, дастгириҳои беназири Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти фароҳам овардани шароити созгор ба хизматчиёни ҳарбӣ дар пойтахт намунаи волои таваҷҷуҳ ба ин қишри ватандӯсту шуҷоъатманд маънидод намуда, ҳамаи афсарону сарбозонро ба муносибати 30-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо дар ҷодаи ҳимояи амнияту оромии Тоҷикистони соҳибистиқлол барору муваффақият ва дар адои хизмати пурмасъулашон комёбиҳоро тамано намуданд.
Дар чорабинии мазкур иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Қодирзод Руслан Раҷаб, муовинони Раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия ва падару модарони сарбозну афсарон иштирок доштанд.
Инчунин намоиши лавозимотҳои ҷангӣ, техникаҳои ҷангӣ, бозиҳои варзишӣ ба намоиш гузошта шуда, ҳамзамон барои болидаруҳии сарбозону афсарон чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ ва дастархони идона, ташкил ва баргузор карда шуд.