ВОХӮРИИ СУДМАНД БО СОҲИБКОРОНИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
11.02.2023 10:10
Санаи 10 феврали соли 2023 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси вакилони халқии шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ ва корхонаҳои аз фаъолият бозмондаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо соҳибкорон ва роҳбарони корхонаҳо вохӯрӣ гузаронида шуд.
Дар вохӯрӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия Қодирзод Руслан Раҷаб, муовини Раиси шаҳри Душанбе Саломзода Сиҷоуддин, Директори муассисаи давлатии “Фонди дасгирии соҳибкорӣ-истеҳсолии шаҳри Душанбе” Раҳимзода Олим, масулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва соҳибкорону роҳбарони корхонаҳо иштирок доштанд.
Маҷлисро иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия Қодирзод Руслан оғоз намуда, қайд намуданд, ки вохӯрии имрӯза аз масъалаҳои зерин иборат мебошад:
1.Фаъолияти корхонаҳои саноатӣ дар соли 2022.
2.Муайян намудани сабабҳои аз фаъолият бозмондани корхонаҳо.
3.Роҳҳои бартараф намудани мушкилиҳои корхонаҳо.
Аз рӯи масъалаи якум Саломзода Сиҷоуддин баромад намуда, дар бораи бурду бохти ноҳияҳо истода гузаштанд. Махсусан оиди пешрафти иқтисодиёт, саноат, ҷамъоварии андоз суханронӣ намуданд, сабаби асосии ҷамъ омадани ҳайати корӣ дастгирии рушди соҳаи саноати шаҳр, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсолоташон коҳишёфта ва аз фаъолият бозмондаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе мебошад.
Инчунин қайд намуданд, ки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдор омодаанд барои ҳалли камбудиҳои ҷойдошта чораандешӣ намоянд.
Ҳамзамон, директори муассисаи давлатии “Фонди дасгирии соҳибкорӣ-истеҳсолии шаҳри Душанбе” Раҳимзода Олим суханронӣ намуда, ба роҳбарони корхонаҳо барои рушди фаъолияти корхонаҳояшон маслиҳатҳо ва тавсияҳои муфид пешниҳод намуданд.
Дар охир иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия Қодирзод Руслан Раҷаб ба роҳбарони корхонаҳо барои иштирокашон миннатдорӣ баён намуда, хоҳиш карданд, ки дар чорабиниҳои сиёсии ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ иштирок намуда, бо мақсади ҳамарӯза тозаю озода нигоҳ доштан, риоя намудани ҳолати санитарию экологӣ ва иштирок намудан дар ҳашрҳои умумишаҳрию ноҳиявӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.