АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

01.02.2023 10:37

 

1. Ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров соли 2023 озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» баргузор карда шавад.

2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоизаҳои озмун, саволнома ва руйхати адабиёти тавсияшавандаи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3, 4 ва 5).

3. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, ғолибони озмунро, ки дар даври ҷумҳуриявии озмун барандаи ҷоизаҳо шуданд, аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд.

5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2023 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани чорабинии мазкур 1 480 000 (як миллиону чорсаду ҳаштод ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.

6. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин карда, оид ба хароҷоти анҷомдодашуда ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.

7. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) гузошта шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
7 июли соли 2022
№АП-227



Замимаи 1
ба Амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «7» июли соли 2022, №АП-227



Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат»

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» (минбаъд – озмун) бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тули таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 доир мегардад.

Озмун таърихи халқи тоҷикро аз аҳди бостон то давраи соҳибистиқлолӣ дар бар мегирад.

Иштирокдорони озмун ба гурӯҳҳои зерин ҷудо карда мешаванд:

— хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 9-11);

— донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр);

— омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ (ба истиснои омӯзгорони фанни таърихи ҳамаи зинаҳои таҳсилот, докторони илм (анъанавӣ), аъзои вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ);

— калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун.

2. САРПАРАСТ ВА МАСЪУЛОНИ ОЗМУН

Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Масъулони баргузории озмун вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радио, кор бо занон ва оила, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар тарғиб, ҷалб ва ҷараёни баргузории озмун иштирок мекунанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор кардани даврҳои якум, дуюм ва сеюми озмун масъул буда, ғолибон ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд мегардонанд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, раёсат, шуъбаҳо, бахшҳои маориф, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш масъули ташкил ва баргузории озмун мебошанд.

3. КОМИССИЯИ ОЗМУН

Барои гузаронидани озмун комиссияи озмуни ҷумҳуриявӣ (минбаъд – Комиссияи озмун) таъсис дода шуда, ҳайати он бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Комиссия аз раис, муовин, аъзоён ва котиб иборат мебошад.

Салоҳияти Комиссияи озмун инҳоро дар бар мегирад:

— таҳияи ҷадвали баргузории озмун ва назорати он;

— тасдиқи тартиб, талабот ва тавзеҳот оид ба озмун;

— пешниҳоди ҳайати ҳакамон барои даврҳои сеюм ва чоруми озмун;

— якҷо бо ҳайати ҳакамон гузаронидани семинари машваратӣ;

— назорати риояи талабот ва пешниҳоди тавсияҳо ба довталабони озмун;

— омӯзиш ва тавсияи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи иштирокдорони озмун ба даври ниҳоӣ;

— баррасии пешниҳодҳои ҳайати ҳакамон ва арзу шикоятҳои иштирокдорон;

— тасдиқ ва эълони натиҷаи хулосаи ҳайати ҳакамони даври чоруми озмун;

— ҷамъбасти натиҷаи ниҳоӣ ва пешниҳоди он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шиносоӣ ва маълумот.

4. ТАРТИБИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУН

Озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи феврали соли 2023 то моҳи декабри соли 2023 ба таври зайл ташкил ва гузаронида мешавад:

— даври якум – моҳи феврал дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;

— даври дуюм – моҳи июн дар маркази шаҳр ва ноҳияҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе);

— даври сеюм – нимаи дуюми моҳи сентябр дар марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;

— даври чорум – нимаи якуми моҳи декабр барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Эзоҳ: Донишҷӯён, аспирантон, унвонҷӯён ва докторантҳои муассисаҳои таълимӣ, илмӣ танҳо дар маҳалле иштирок карда метавонанд, ки муассисаи таълимӣ ва ё илмиашон дар ҳамон маҳал қарор дорад.

Протоколи ҳайати ҳакамон ба Комиссияи ҷумҳуриявӣ ба даври чорум бо имзои раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва раисони ҳакамони даври сеюм пешниҳод мешавад.

Ҷойи баргузории даврҳои озмун дар деҳот, шаҳрак, марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян карда мешавад.

Масъулияти баргузории даврҳои якум, дуюм ва сеюм ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вогузор карда мешавад. Шумораи ғолибони даври сеюми озмун, ки ба даври чорум пешниҳод мешаванд, довталабони номинатсия ва гурӯҳ набояд аз 6 нафар зиёд бошад.

Ҷараёни баргузории даврҳои якум, дуюм, сеюм ва чоруми озмун тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва воситаҳои ахбори омма ба таври васеъ инъикос ва пахш карда мешавад.
Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ғолибони даври сеюм барои иштирок дар даври чорум ба Комиссияи озмун то 10 ноябр муқаррар карда мешавад.

Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъули гузаронидани маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмун мебошанд.

5. ШАРТҲОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН

Дар озмун аҳолии кишвар, аз ҷумла, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, шунавандагони муассисаҳои таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, аспирантон, унвонҷӯён ва докторантҳо, ходимони илмӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (ба истиснои омӯзгорони фанни таърихи ҳамаи зинаҳои таҳсилот, олимону муҳаққиқони соҳаи таърих), докторони илм (анъанавӣ), узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва академияҳои соҳавӣ) иштирок карда метавонанд.

Шартҳои ташкил ва баргузории озмун аз ҷониби Комиссияи озмун назорат карда мешавад.
Дар вақти баҳогузорӣ ва холгузорӣ ба савияи дониши таърихӣ ва баёни мантиқии ҳодиса ва рӯйдодҳои таърихӣ бартарӣ дода мешавад.

Озмун бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ баргузор мегардад.

Дар даври чоруми озмун иштирокдор шарҳи ҳоли мухтасари худро бо гузоштани имзо ва нусхаи протоколҳои даврҳои якум, дуюм ва сеюми озмун ба Комиссияи озмун ба таври хаттӣ пешниҳод менамояд (ҳуҷҷатҳои мазкур дар се нусха ба даври чорум пешниҳод карда мешаванд). Агар иштирокдор ба ҳайси хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар даврҳои якуму дуюм ва сеюм ба қайд гирифта шуда бошад ва дар даври чорум донишҷӯйи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ шуда бошад, ҳамчун хонанда дар даври чорум иштирок мекунад.

Барои иштирок дар озмун довталабон ба котибони масъули комиссияҳо нусхаи шиноснома ва ё шаҳодатномаи таваллуд, инчунин, маълумоти мухтасар дар бораи худро пешниҳод менамоянд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар назди раёсат ва шуъбаҳои маориф комиссияи қабули ҳуҷҷатҳои иштирокдорони озмунро таъсис дода, як нафарро котиби масъул таъин менамоянд. Котибони масъули комиссияҳои қабул ҳуҷҷатҳои довталабонро дар асоси банди 23 Низомномаи мазкур санҷида, дар асоси санад онро ба Комиссияи ҷумҳуриявӣ пешниҳод мекунанд. Котибони масъули комиссияҳои қабул нишонӣ, рӯз ва ҷойи баргузории озмунро ба иштирокдорон тавассути воситаҳои ахбори омма ва масъулон эълон менамоянд.

Ғолибони даври чоруми озмун, ки сазовори ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва барандаи Шоҳҷоиза гардиданд, то се сол дар озмунҳои солҳои минбаъда ҳуқуқи иштирок карданро надоранд.

6. ТАЛАБОТ БА ИШТИРОКДОРОНИ ОЗМУН

Донишҳои таърихии иштирокдорони озмун аз рӯйи хондани асари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва осори дигари таърихӣ муайян карда мешавад, аз ҷумла:

— донистани маълумоти муфассал доир ба асари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва муаллифи он;

— қобилияти нақлу тафсири воқеаҳои таърихии давраҳои муайян;

— баёни лаҳзаҳои муҳимми асар, қобилияти ровигӣ, сухандонӣ, асосноккунии рӯйдодҳои таърихӣ ва мақоми онҳо дар таърихи халқи тоҷик;

— донистани санаҳои муҳимми таърихӣ, давраҳои таърихӣ ва чеҳраҳои таърихсози халқи тоҷик;

— донистани мероси таърихию фарҳангии моддиву маънавии халқи тоҷик;

— маълумот доир ба ёдгориҳои таърихӣ, мавзеъҳои таърихӣ, ки баёнгари таърихи бостони миллати тоҷик мебошанд;

— донистани сарчашмаҳои таърихӣ ва асарҳои илмию бадеӣ оид ба таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик.

Иштирокдор дар хондани дигар асарҳои таърихӣ вобаста ба номинатсия озод аст.

7. МЕЪЁРИ АРЗЁБИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

Ҳайати ҳакамони озмун ба савияи дониши таърихии иштирокдорон аз рӯйи меъёрҳои зерин баҳо медиҳанд:

— ба ҳар як довталаб барои муаррифии китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва асарҳои дигари таърихӣ вақти озод дода мешавад;

— бо мақсади баҳогузорӣ намудан ба истеъдоди довталабон ҷадвали 10-хола муқаррар карда мешавад. Довталаби номинатсия ба пуррагӣ донистани воқеаҳо ва санаҳои таърихӣ – 10 хол, барои ҷавоби аз хуб болотар – 8 хол, барои ҷавоби хуб – то 6 хол, барои ҷавоби аз миёнаи беҳтар – 4 хол, барои ҷавоби миёна – 3 хол, барои ҷавоби миёнаи суст – 2 хол гузошта мешавад ва барои ҷавоби ғайриқаноатбахш хол гузошта намешавад.

8. ҲАЙАТИ ҲАКАМОН

Ҳайати ҳакамони озмуни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро раиси Комиссияи ҷумҳуриявӣ бо санади дахлдор тасдиқ менамояд. Ҳайати ҳакамон амалҳои зеринро иҷро мекунад:

— тибқи пешниҳоди Комиссияи озмун маҳорату истеъдод ва дараҷаи дониши таърихии иштирокдоронро натиҷагирӣ мекунад;

— холҳоро муайян карда, бо овоздиҳии кушода ғолибро муайян менамояд;

— натиҷаи озмунро дар протокол дарҷ карда, бо имзои аъзои ҳакамон онро тасдиқ менамояд.

Ҳайати ҳакамони озмуни шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо тасдиқ карда мешавад.

Ба ҳайати ҳакамони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, деҳоту шаҳрак намояндагони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, омӯзгорон, адибон, олимону рӯзноманигорон, роҳбарони китобхонаҳо, аъзои ҷамъияти китобдӯстон ва иттифоқҳои касаба ворид мешаванд. Шумораи ҳайати ҳакамон бо раису муовинонаш бояд тоқ бошад.

Хулосаи ҳайати ҳакамони даври чорум дар Комиссияи озмун баррасӣ ва тасдиқ карда мешавад.

9. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИИ ОЗМУН

Хароҷоти даврҳои якум, дуюм, сеюм ва хароҷоти вобаста ба сафарбаркунии ғолибон ва омӯзгорони онҳо ба даври чоруми озмун, будубоши онҳо дар маҳалли баргузории озмун аз ҳисоби буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузории бо қонунгузорӣ манънагардида пардохт карда мешавад.

Ғолибони даврҳои якум, дуюм, сеюми озмун ва омӯзгорони онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ташкилотҳо ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.

Хароҷоти баргузории чорабинии даври чоруми озмун аз суратҳисоби махсуси Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм пардохт карда мешавад.

Ба ғолибони даври чоруми озмун ва ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки дар даври чоруми озмун ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва Шоҳҷоизаро сазовор шудаанд ва ба омӯзгорони онҳо тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоиза ва мукофоти пулӣ дода мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тартиби додани мукофот ва ҷоизаро раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тасдиқ ва амалӣ менамоянд.

Барои ҳавасмандгардонии ғолибони ҳамаи даврҳои озмун ва омӯзгорони онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалби сарпарастон иҷозат дода мешавад.

10. ТАРТИБИ ДАРЁФТИ ШОҲҶОИЗА

Барои дарёфти Шоҳҷоиза довталабоне метавонанд иштирок намоянд, ки дар даври ҷумҳуриявӣ аз рӯйи номинатсияи пешниҳодшуда ҷойҳои ифтихориро сазовор гардидаанд.

Шоҳҷоиза ба иштирокдоре дода мешавад, ки беш аз 70 фоизи асари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва дигар адабиёти таърихии тавсиягардидаро мутолиа ва ҳифз намудааст.

11. ИМТИЁЗҲО

Ғолибони даври чорум (ҷойҳои 1, 2, 3) ва барандаи Шоҳҷоиза баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба ихтисоси интихобкардаи худ бе озмун ва ба тариқи ройгон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимии кишвар қабул карда мешаванд. Тартиби қабули ғолибони даври чоруми озмун ва барандаи Шоҳҷоизаро Вазорати маориф ва илм муайян менамояд.

Вазорати маориф ва илм протокол ва санадҳои ғолибони озмунро дар асоси таҳияи тартиби махсус барои 10 сол нигоҳдорӣ намуда, баъдан ба бойгонӣ месупорад.



Замимаи 2
ба Амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «7» июли соли 2022, №АП-227

Ҳайати
Комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат»

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа), раиси Комиссия;

— вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Комиссия;

— президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муовини раиси Комиссия;

— директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Комиссия;

— муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби Комиссия.

Аъзои Комиссия:

— мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;

— сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон;

— ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

— ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ;

— ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров;

— директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

— мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

— мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ;

— мудири кафедраи омӯзиши таърихи ватании Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Россия.



Замимаи 3
ба Амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «7» июли соли 2022, №АП-227

Ҷоизаҳои озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат»

Мукофотҳои пулӣ барои ғолибони озмун аз рӯйи чор гурӯҳ ва як номинатсия ба таври зерин муқаррар карда мешаванд:

— миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 9-11);



Ҷой

Маблағ

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

Маблағи умумӣ

(бо сомонӣ)

1 Якум 50 000
1

50 000

2 Дуюм 35 000
2

70 000

3 Сеюм 25 000
3

75 000

4 Шоҳҷоиза 70000
1

70 000

Ҳамагӣ

7

265 000



— донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр)



Ҷой

Маблағ

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

Маблағи умумӣ

(бо сомонӣ)

1 Якум 50 000
1

50 000

2 Дуюм 35 000
2

70 000

3 Сеюм 25 000
3

75 000

4 Шоҳҷоиза 70 000
1

70 000

Ҳамагӣ

7

265 000


— омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ



Ҷой

Маблағ

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

Маблағи умумӣ

(бо сомонӣ)

1 Якум 50 000
1

50 000

2 Дуюм 35 000
2

70 000

3 Сеюм 25 000
3

75 000

4 Шоҳҷоиза 70 000
1

70 000

Ҳамагӣ

7

265 000

— калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун



Ҷой

Маблағ

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

Маблағи умумӣ

(бо сомонӣ)

1 Якум 50 000
1

50 000

2 Дуюм 35 000
2

70 000

3 Сеюм 25 000
3

75 000

4 Шоҳҷоиза 70 000
1

70 000

Ҳамагӣ

7

265 000

— маблағ барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки шогирдонашон дар озмун ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва Шоҳҷоизаро мегиранд



Ҷой

Маблағ

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

Маблағи умумӣ

(бо сомонӣ)

1
Якум, дуюм, сеюм ва Шоҳҷоиза

10 000
7

70 000

Ҳамагӣ

7

70 000

— хароҷоти дигар


Маблағи умумӣ

(бо сомонӣ)

1 Маблағҳо барои омода кардани ҷомҳои шоҳҷоиза, ҷоизаҳо, дипломҳо ва хароҷоти дигар (туҳфаҳои хотиравӣ ва сертификат барои иштирокдорон)
350 000



— ҳамагӣ



Шумораи умумӣ

Маблағи умумӣ

(бо сомонӣ)

1

Барои ҷоизаҳо ва
шоҳҷоизаҳо

28 нафар

1 060 000

2

Барои омӯзгорон

7 нафар

70 000

3

Хароҷоти дигар

350 000

4

Ҳамагӣ

35 нафар

1 480 000



Замимаи 4
ба Амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «7» июли соли 2022, №АП-227

Саволнома
барои озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров

Бобоҷон Ғафуров барои кадом хизматҳои шоён ба унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф гардидааст?
Барои чӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро «Шиносномаи миллат» номиданд?
Бобоҷон Ғафуров кай, дар куҷо тавваллуд шудааст ва айёми бачагии худро чӣ гуна гузаронидааст?
Падар ва модари Бобоҷон Ғафуров киҳо буданд?
Бобоҷон Ғафуров фаъолияти меҳнатии худро кай ва аз куҷо оғоз намудааст?
Касби нахустини Бобоҷон Ғафуров чӣ буд ва ӯ кадом муассисаи касбиро хатм намудааст?
Бобоҷон Ғафуров ҳамчун рӯзноманигор дар кадом рӯзномаву маҷаллаҳо ва ба сифати кӣ кор кардааст?
Бобоҷон Ғафуров бо кадом тахаллус бештар мақолаҳои илмӣ-оммавии худро имзо мекард?
Бобоҷон Ғафуров ба корҳои ҳизбию давлатӣ аз кадом сол ҷалб гардид ва дар кадом вазифаҳои масъули ҳизбию давлатӣ кор кардааст?
Сабабҳои асосии рӯ овардани Бобоҷон Ғафуров ба таҳқиқу омӯзиши таърихи халқи тоҷик кадомҳоянд?
Аввалин асарҳои Бобоҷон Ғафуров ва мавзуъҳои онҳоро номбар намоед?
«Таърихи мухтасари халқи тоҷик»-и Бобоҷон Ғафуров кай аз чоп баромад ва чанд фаслу бобро дар бар мегирад?
Теъдоди умумии асару мақолаҳои Бобоҷон Ғафуров чанд ададро ташкил медиҳанд?
Кадом китоби Бобоҷон Ғафуров се маротиба пайдарпай дар шаҳри Москва нашр шуд ва сохтори он чӣ гуна аст?
«Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров бо забони русӣ кай, дар куҷо чоп шуд ва он чанд фаслу бобро дар бар мегирад?
«Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба забони тоҷикӣ кай ва дар куҷо чоп шуд ва тарҷумону муҳаррири масъули он киҳо буданд?
Нашри тоҷикии «Тоҷикон» аз нашри русии соли 1972 бо кадом илова ва тағйирот фарқ мекунад?
«Тоҷикон» ба забони тоҷикӣ чанд маротиба дар ҷумҳурӣ нашр шудааст ва зарурати чопи нав ва туҳфавии он дар чист?
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кай дар баромади худ доир ба нашри туҳфавии «Тоҷикон» ва арҷгузорӣ ба асолати он пешниҳод манзур намуданд?
«Тоҷикон» ба кадом забонҳои хориҷӣ чоп шудааст?
Бобоҷон Ғафуров кадом солҳо Котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон буд ва дар ин солҳо чӣ кори мондагоре ба анҷом расонидааст?
Солҳои охир Бобоҷон Ғафуров кадом вазифаи масъулро ба зимма дошт ва барои пешрафти ин соҳа чӣ хидмат намудааст?
Дар таълифи «Тоҷикон» аз кадом сарчашмаҳои таърихӣ бо кадом забонҳои куҳна истифода шудааст?
Теъдоди умумии маъхазҳо, адабиёти илмӣ ва китобҳои истифоданамудаи Бобоҷон Ғафуров дар рафти таълифи «Тоҷикон» чӣ қадар аст?
Бобоҷон Ғафуров дар кадом фасл масъалаи умумияти ҳиндуориёиҳо, ориёиҳо ва роҳҳои кӯчиши қавму қабоили ҳиндуэрониро ба миён гузоштааст?
Кадом фасли «Тоҷикон» масъалаи Кидориёну Хиёниён, ташкилёбии давлати Ҳайтолиён ва муносибати онҳо бо Сосониёну Ҳоқонии турк, мулкҳои Тахористону Суғду Устурушан ва Фарғонаро дар бар мегирад?
Муборизаи тоҷикон ба муқобили истилогарони араб, шӯришҳову исёнҳои зиддиарабӣ, нуфузи хонадонҳои маҳаллии тоҷикӣ ва дар заминаи онҳо ташкил ва рушди давлати миллии Сомониён, анҷоми ташаккулёбии халқи тоҷик дар кадом фасл ва бобҳои «Тоҷикон» инъикос ёфтаанд?
Бобоҷон Ғафуров дар куҷо дафн шудааст ва ба ифтихори ӯ кадом маҳалҳо номгузорӣ шудаанд?
Дар бораи Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров кадом китобҳо навишта шудаанд?
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кадом китоби худ Бобоҷон Ғафуровро «Олими тавоно ва арбоби барҷастаи сиёсиву давлатӣ» номидаанд?
Замони тотаърихӣ ва таърихӣ чӣ маъно доранд?
Таърихи ҷомеаи инсонӣ чӣ гуна даврабандӣ мешавад?
Даврабандии бостоншиносии ибтидои таърихи инсониятро шарҳ диҳед?
Асри санг чӣ маъно дорад?
Асри санг ба кадом давраҳои асосӣ тақсим мешавад?
Палеолит чӣ маъно дорад ва ба кадом давраҳо тақсим мешавад?
Тибқи маълумоти Бобоҷон Ғафуров осори палеолити аввал аз кадом минтақаҳои Осиёи Марказӣ дарёфт шудаанд?
Маданияти Қаратоғи Ёвон мансуб ба кадом давраи таърихӣ мебошад?
Осори дарёфтшуда аз Хонақоҳ, Оби Мазор ва Лоҳутии ноҳияи Ховалинг аз чӣ гувоҳӣ медиҳанд?
Осори давраи палеолити миёна аз кадом маҳалҳои Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон дарёфт шудаанд?
Палеолити боло кадом давраро дар бар мегирад ва осори он аз кадом маҳалли Тоҷикистон ёфт шудааст?
Бобоҷон Ғафуров ҷамъияти давраи палеолитро чӣ гуна тавсиф намудааст?
Тақрибан ташаккули навъи имрӯзаи инсон чанд ҳазор сол пеш сурат гирифтааст?
То навъи имрӯзаи одам – «Одами боақл» дар адабиёти таърихӣ боз кадом навъҳои дигар номбар шудаанд?
Мезолит ва неолит чӣ маъно доранд?
Оид ба осори давраи мезолити Тоҷикистон чӣ маълумот доред?
Бошишгоҳи Тутқавул дар куҷо ҷойгир аст ва ба кадом давраи асри санг тааллуқ дорад?
Давраи неолит тақрибан чанд ҳазор сол пеш ибтидо гирифтааст?
Осори давраи неолит аз кадом маҳалҳои Тоҷикистон бозёфт шудаанд?
Маданияти археологии Ҷайтун ба кадом қавму қабилаҳо тааллуқ дорад ва дар куҷо ҷойгир мебошад?
Калтаманориҳо кистанд ва шуғли онҳо чӣ буд?
Барои чӣ маданияти неолитии Ҳисор меноманд ва он кадом минтақаро фаро мегирад?
Осори маданияти неолитии Ҳисор аз кадом маҳалҳои имрӯзаи Тоҷикистон дарёфт шудаанд?
Қадимтарин тасвирҳои рӯйи санг аз куҷо бозёфт шудаанд?
Сохти қавмии модарӣ ё давраи модаршоҳӣ чӣ маъно дорад?
Энеолит чист?
Барои чӣ асри мису санг мегӯянд?
Оид ба ёдгориҳои давраи энеолити Осиёи Миёна маълумот диҳед?
Оё дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон осори давраи мису санг мавҷуд аст?
Ба андешаи Бобоҷон Ғафуров аввалин иншооти обёрӣ дар Осиёи Марказӣ кай ва дар куҷо сохта шудааст?
Одамони давраи энеолит, асосан, кадом намудҳои зироатро истифода менамуданд?
Машғулиятҳои аввалини одамони ибтидоӣ кадомҳо буданд?
Оё дар Осиёи Марказӣ ва, аз ҷумла, Тоҷикистони имрӯза осори конҳои мис, ки ҳанӯз дар давраи энеолит ва асри биринҷӣ истифода мешуданд, боқӣ мондаанд?
Намозгоҳтеппа дар куҷост ва ба кадом давраи таърихӣ тааллуқ дорад?
Саразми бостонӣ осори кадом давраи таърихӣ аст?
Барои чӣ Саразмро шаҳри бостонӣ мегӯянд?
Кадом бозёфтҳо доир ба рушди кишоварзӣ дар шаҳри Саразм маълумот медиҳанд?
Аз чӣ сабаб Саразмро шаҳри ҳунармандон меноманд?
Кадом намуди биноҳо дар Саразми бостонӣ пайдо карда шудаанд?
Кашшофи Саразми бостонӣ кадом бостоншиноси тоҷик аст?
Асри биринҷӣ чӣ маъно дорад?
Доир ба осори давраи асри биринҷии ҳудуди Тоҷикистон маълумот диҳед?
Оё дар Бадахшон осори давраи асри биринҷӣ ёфт шудааст?
Аз кадом минтақаҳои вилояти Хатлон осори асри биринҷӣ дарёфт шудааст?
Дар шимоли Тоҷикистон кадом ёдгории давраи асри биринҷӣ маҳфуз мондааст?
Бобоҷон Ғафуров доир ба кадом вилоятҳои таърихию мадании Осиёи Марказӣ дар давраи биринҷӣ маълумот медиҳад?
Маданияти Қайроққум ба кадом давра тааллуқ дорад ва машғулияти қайроққумиҳо аз чӣ иборат буд?
Дар давраи энеолит дар сохтмони манзили сокинони Осиёи Марказӣ чӣ тағйироте ба вуқуъ омад?
Бобоҷон Ғафуров дар намунаи Намозгоҳтеппа шаҳри асри биринҷиро чӣ гуна тасвир намудааст?
Аз кадом маҳалҳои Тоҷикистон қадимтарин осори давраи биринҷӣ кашф шудааст?
Осори кадом давра бо номи маданияти бостонии Вахш маълум аст ва калонтарини онҳо дар куҷо маҳфузанд?
Оид ба ёдгории бостонии Кангуртут чӣ маълумот доред?
Солҳои охир бостоншиносони тоҷик кадом осори асри биринҷиро дар қаламрави Тоҷикистон пайдо намуданд?
Дар сарзамини тоҷикон дар замони неолит чанд намуди бошишгоҳ мавҷуд буд?
Петроглиф чӣ маъно дорад?
Оё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон петроглифҳо ёфт шудаанд ва аз куҷо?
Кадом тасвирҳои рӯйи санги ҳудуди Бадахшон маълуманд?
Сохти қавмии падарӣ ё давраи падаршоҳӣ чӣ маъно дорад ва гузариш ба он кай ба амал омадааст?
Инсон кай ва чӣ гуна ба кашфи оташ ноил гардид?
Бобоҷон Ғафуров сохти ҷамъиятии асри биринҷиро чӣ гуна тасвир намудааст?
Таркиби нажодии аҳолии Осиёи Марказӣ дар давраи биринҷиро тасвир намоед?
Ориёиҳо кӣ буданд?
Умумияти ҳиндуэронӣ чист?
Доир ба умумияти ҳиндуаврупоӣ маълумот диҳед?
Дар асрҳои VII-VI то милод тибқи сарчашмаҳои хаттӣ дар Осиёи Марказӣ кадом қавму тоифаҳои ориёитабор сукунат доштанд?
Кадом забонҳои қадима ба гурӯҳи забонҳои шарқиэронӣ дохил мешуданд?
Гурӯҳи забонҳои ҳиндуориёиро метавонед шарҳ диҳед?
Ба гурӯҳи забонҳои эронӣ кадом забонҳо дохил мешаванд?
Оилаи забонҳои ҳиндуаврупоиро кадом забонҳо ташкил медиҳанд?
Хешӣ ва қаробати забонҳои ҳиндуэрониро Бобоҷон Ғафуров бо истифода аз маводҳои лингвистӣ чӣ гуна тасвир менамояд?
Таркиби дохилии ҷомеаи аҳди ориёиро Бобоҷон Ғафуров дар заминаи қадимтарин нусхаҳои «Авесто» ва «Ригведа» чӣ хел тасвир намудааст?
Ба андешаи Бобоҷон Ғафуров кадом роҳҳои паҳншавии тоифаҳои ҳиндуэронӣ мавҷуд буданд?
Дар заминаи кадом далелҳо Бобоҷон Ғафуров таъкид менамояд, ки тоифаҳои мухталифи ориёӣ то замони тақсимшавӣ дар Осиёи Марказӣ (Варзрӯд) сукунат доштанд?
Оё доир ба азҳамҷудошавии қабилаҳои ҳиндуэронӣ андешаҳои дигар низ вуҷуд доранд?
Масъалаи ориёиҳо ва тамаддуни ориёӣ дар кадом китоби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври муфассал шарҳ ёфтааст?
Азҳамҷудошавии тоифаҳои ҳиндуэронӣ кай ба вуқуъ омадааст?
Ҳаракати тоифаҳои ориёӣ ба ҷониби Афғонистон ва Ҳиндустон кай ба амал омад?
Ҳаракати тоифаҳои ориёӣ ба Осиёи Пеш ва Эрони кунунӣ кай ба вуқуъ омад?
Нахустин маданиятҳои кишоварзии Осиёи Марказӣ кадомҳоянд ва яке аз онро шарҳ диҳед?
Барои чӣ «Авесто»-ро нахустқомуси ҷаҳонӣ меноманд?
Мувофиқи маълумоти Авесто ҷомеаи қадими Осиёи Марказӣ чӣ гуна тасвир ёфтааст?
Дар асрҳои VII-VI то милод дар Варзрӯд кадом халқиятҳои қадими ориёӣ сукунат доштанд?
Дар Авасто кадом қавмҳо ва мулкҳои ориёӣ номбар шудаанд?
Мувофиқи маълумоти «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров нахустин давлатҳои ориёии Варзрӯд кадомҳоянд?
«Аирйанам ваеҷаҳ» ифодакунандаи номи кадом кишвари таърихӣ аст?
Чаро Зардуштро паямбари нахустини ҷомеаи инсонӣ меноманд?
Кадом сарчашмаҳои қадимтарини хаттӣ аз сарнавишти тоифаҳои ҳиндуориёӣ ба мо маълумот медиҳанд?
Гирдоваранда ва мураттиби маҷмуаи «Тоҷик, тоҷдор, тоҷвар» кист?
Тоҷикистони таърихӣ куҷост?
Дар сарчашмаҳои чинӣ тоҷикон бо кадом ном ёд шудаанд?
Зери номи Су-ли дар сарчашмаҳои чинӣ кадом мулк ёд шудааст?
Давлати Порт бо кадом ном дар сарчашмаҳои чинӣ омадааст?
Бо номи Дахи дар сарчашмаҳои чинӣ кадом мулк ёд шудааст?
Суханони «Дар Боси бисёр аспҳои хушзод, хачир ва шутур аст» дар сарчашмаҳои чинӣ доир ба кадом мулк гуфта шудааст?
Тачик ва Тачкастан дар кадом сарчашмаҳо ва ба кадом маънӣ омадааст?
«Тоз» ҳамчун исми хос ва «Тозиён» ҳамчун номи ҷуғрофӣ дар кадом китоби муқаддас зикр шудааст?
Алишер Навоӣ кадом асарашро ба таърихи мардуми эронӣ бахшидааст?
Кадоме аз муҳаққиқони аврупоӣ лақаби «Дарвеши Ланг»-ро гирифта буд?
Кадоме аз вилоятҳои аҳолинишини эронӣ танҳо ба ҳуҷуми муғулҳо дучор нагардид. Ба фикри Шумо В.В. Бартолд кадом минтақаи Тоҷикистони кунуниро дар назар дорад?
Осори қадимии хаттии ҳиндуҳо чӣ ном дорад ва аз кадом қисматҳо иборат буда, тақрибан кай эҷод шудаанд?
Ба андешаи муҳаққиқон қадимтарин нусхаҳои Авесто кай эҷод шудаанд?
Бо супориши Искандари Мақдунӣ кай ва кадом донишманди юнонӣ ба омӯзиш, таҳқиқ ва тарҷумаи Авесто машғул шудааст?
Кадом сарчашмаи таърихии аҳди бостон бо супориши Искандари Мақдунӣ сӯзонда шудани нусхаҳои Авесторо хабар медиҳад?
Нусхаи комили Авесто аз чанд китоб ва чанд боб иборат буд?
Барои чӣ Авесторо сарчашмаи муҳимми таърихӣ мегӯянд?
Ватани Зардушт ва зуҳури оини зардуштӣ куҷост?
Оид ба кишварҳои дар Вандидот номбаршуда маълумот диҳед?
Давлати Суғди қадим куҷоро дар бар мегирифт?
Бохтари қадим кадом минтақаро муттаҳид мекард?
Давлати Хоразми қадим дар куҷо ҷойгир буд?
Кадом бостоншиносони машҳури шуравиро медонед?
Кашшофи мағоки Тешуктош кӣ буд ва он ба кадом давраи таърихӣ тааллуқ дорад?
Оё дар бораи ягон бостоншиноси шинохтаи тоҷик маълумот доред?
Кадом шохаҳои Шоҳроҳи Бузурги Абрешим аз ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон мегузашт?
Доир ба ёдгориҳои нодири маҳалли зисти худ чӣ медонед?
Ҳулбук ёдгории кадом давраи таърихӣ мебошад?
Қадимтарин ёдгории давраи асри санг дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва Тоҷикистон кадом аст?
Сохтори ҷамоаи қабилавӣ дар Осиёи Миёна тибқи хулосаи академик Бобоҷон Ғафуров чӣ гуна буд?
Маданияти андроновӣ (андроновҳо) аз куҷо ба Осиёи Марказӣ паҳн гардид?
Сулолаҳои нахустини подшоҳии ориёиро номбар кунед.
Аҷдоди тоҷикон дар гузашта киҳо буданд?
Андози солона, ки ба хазинаи шоҳаншоҳии Ҳахоманишиҳо дохил мешуд, аз чанд талант иборат буд?
Аҳамияти ташкил шудани давлати Мод дар таърихи халқҳои ориёӣ аз чӣ иборат аст?
Сипоҳи Ҳахоманишиҳо аз чанд қисм иборат буд?
Асосгузори давлати мутамаркази Мод Даҳюкро ҳокимони вилояту ноҳияҳо дар анҷумане ҳамчун подшоҳи тамоми кишвари Мод интихоб карданд, аммо баъди ӯ ҳокимияти шоҳӣ кадом хусусиятро гирифт?
Асосгузори империяи Ҳахоманишиён кӣ буд ва кадом солҳо ҳукмронӣ кардааст?
Нақши шоҳаншоҳии Ҳахоманишиҳо дар таърихи тоҷикон ва умуман, ҷаҳон аз чӣ иборат аст?
Баҳори кадом сол лашкари Куруши Кабир ба қаламрави давлати Бобул ворид шуд?
Муносибати Куруш бо массагетҳо чӣ гуна буд?
Ба назари Шумо фарқ байни лашкаркашиҳои Куруш ва Искандари Мақдунӣ дар чист?
Кадом нақлҳои ҷолибро доир ба Куруш ва корҳои ӯ медонед?
«Устувонаи Куруш» чист ва имрӯз дар куҷо нигаҳдорӣ мешавад?
«Манам Куруш, шоҳи шоҳон…» бо ин матн кадом ҳуҷҷати таърихӣ сар мешавад?
Оё доир ба Куруши Кабир ягон асари бадеӣ ба забони тоҷикӣ навишта шудааст?
Массагетҳо кӣ буданд ва дар куҷо сукунат доштанд?
Киро бобулиён намояндаи худованд Мардук ва яҳудиён намояндаи худованд Яҳво медонистанд?
Дар қаламрави Тоҷикистон шаҳр – истеҳкоме ба номи Куруши Кабир алоқаманд буд ва ин шаҳр чӣ ном дошт ва дар куҷо ҷой гирифта буд?
Нахустин меросхӯри Куруши Кабир кӣ буд ва кадом корҳои ӯро идома дод?
Модари Куруши Кабир чӣ ном дошт ва аз кадом хонавода буд?
Баъди шоҳаншоҳ дар империяи Ҳахоманишиҳо мақоми аз ҳама баландро кӣ соҳиб буд?
Вазъ ва низоми давлатдорӣ дар Осиёи Миёнаи арафаи ҳамроҳкунӣ ба ҳайати империяи Ҳахоманишиҳо чӣ гуна буд?
Давлати Хоразми Бузург кай ва дар куҷо таъсис ёфт?
Давлати Каёниён – давлати асотирӣ ва ё таърихӣ аст?
Давлати Ҳахоманишиҳо ба чанд сатрапия тақсим мешуд ва Осиёи Миёна ба кадом сатрапияҳо дохил буд?
Давлати Пешдодиён ва зикри он дар маъхазҳои таърихӣ?
Ҳудуди ҷуғрофии давлати Суғдро муайян намоед?
Давлати Элом дар ҳазорсолаи чандуми пеш аз милод ба вуҷуд омад?
Дар аҳди кадом шоҳаншоҳ Ҳахоманишиҳо як қисми Аврупои Шарқиро ба ҳайати худ ҳамроҳ карда, зидди сакоиҳои назди соҳили баҳри Сиёҳ лашкар кашиданд?
Дар бораи давлати Мод маълумот диҳед.
Дар бораи низоми савдоии замони Ҳахоманишиҳо маълумот диҳед.
Дар бораи табаддулоти Гаумата (Бардиёи дурӯғин) маълумот диҳед.
Дар бораи шоҳроҳи замони Ҳахоманишиҳо маълумот диҳед.
Дар бораи Шурои машваратии назди шоҳи Мод маълумот диҳед.
Дар давлати Ҳахоманишиён сипоҳи доимамалкунанда вуҷуд дошт, ки асоси онро дастаи шоҳаншоҳӣ ташкил мекард, пас ин даста аз саворони ашрафзода ва чанд ҳазор аскари пиёдагард иборат буд?
Дар давраи ҳукмронии Хувахшатра (Киаксар, солҳои 625-585 то м.) иқтидори низомӣ ва нуфузи сиёсии давлати Мод афзуд ва онҳо бар зидди кадом давлат лашкар кашиданд?
Дар империяи Ҳахоманишиҳо дар давраи Дорои I девони марказӣ ташкил шуд ва он аз чанд вазоратхона иборат буд?
Дар империяи Ҳахоманишиҳо зиёда аз чанд халқу қабила зиндагӣ ва бо чанд забон гуфтугӯ мекарданд?
Дар ҷамоаи ҳиндуэрониҳо аҳолии озоди комилҳуқуқ ба чанд гурӯҳ тақсим мешуданд?
Шӯриши марғиёниҳо бо сардории Фрада кадом сол ба амал омад?
Дар муҳорибаи Куркада (Курушкада) миқдори шӯришгарон ба чанд ҳазор мерасид?
Дар охири давраи солшумории пеш аз мелод ва давраи аввали солшумории мелодӣ дар ҷаҳон империяҳои бузург ташкил шуданд, ки аз онҳо ду империя ба аҷдоди форсу тоҷик тааллуқ доштанд: онҳоро номбар кунед.
Дини расмӣ дар давлати Ҳахоманишиҳо кадом буд?
Дорои I кадом солҳо сарзамини сакоиҳоро ба қаламраваш ҳамроҳ намуд?
Дорои Кабир дар қатори дигар ислоҳоти давлатӣ дар қаламрави империяи паҳновари худ ислоҳоти пулӣ низ гузаронд, муайян намоед, ки сиккаҳои тиллоии ӯ бо номи «дорик» ва нуқрагин бо номи «сикл» чанд грамм вазн доштанд?
Дорои Кабир кай ба тахти Ҳахоманишиҳо нишаст?
Ёдгориҳои машҳури «Дафинаи Амударё» ба кадом замон тааллуқ доранд?
Дафинаи Амударё дар кадом музеи ҷаҳонӣ нигоҳ дошта мешвад ва чӣ гуна ба он ҷо рафт?
Намоиши нигораҳои «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» кай ва дар куҷо ташкил карда шуд?
Забони расмии давлати Ҳахоманишиҳо кадом буд?
Зардушт пайғамбари кадом дин ва муаллифи кадом китоб аст?
Кадом шоҳи Каёнӣ Зардуштро ёрӣ расонд?
Оид ба давлати Бохтари қадим маълумот диҳед.
Оид ба ислоҳоти маъмурии Дорои Кабир маълумот диҳед.
Аҳуро Маздо мансуби кадом дин мебошад?
Модари Зардушт чӣ ном дошт?
Оид ба ислоҳоти ша