Заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат баҳри пойдории миллат.

03.05.2021 13:54

 
Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати навини тоҷикон воқеан беандоза аст. Маҳз бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии ин абармарди хирад ва родмарди сулҳи тоҷикон Тоҷикистони ба ҳама азизу маҳбуб аз парокандашавӣ эмин ёфт.
Он рӯзҳои сахту нангини солҳои 90-уми асри гузашта бо сар задани ҷанги хонумонсӯз қариб ба парокандашавии миллати тоҷик оварда мерасонид. Мардуми шарифи Тоҷикистон аз тарсу ваҳм ва наҷоти ҳаёти худ ба кишварҳои ҳамсоя паноҳ бурданд. Он солҳо Тоҷикистон ҳамчун кишвари ноором дар сархати воситаҳои ахбори омма қарор гирифта буд. Дар он шабу рӯзҳои ноором наҷотбахши миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад. Барои ба эътидол овардани вазъияти ноороми кишвар, раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон қавл доданд, ки ба мардуми шарифи Тоқикистон сулҳ меорад ва то гурезаи охиринро ба Ватан барнагардонад, худро ором намешуморад. Албатта, мо ҳама шоҳиди он ҳастем, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардонавор дар гирдоби ин бесарусомониҳои печида ба қавлашон бо сари баланд вафо намуданд. Бо мақсади ба эътидол овардани вазъияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар Президенти навинтихоби Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷони худро дареғ надошта, дар он давраи ноором якчанд маротиба ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафар намуда, аз мардуми шарифи тоҷик даъват ба амал оварданд, ки ба ватани аҷдодиашон баргарданд. Ҳамзамон бо нерӯҳои гуногуни сиёсӣ ва мухолифин якчанд гуфтушунидҳо анҷом дода, ниҳоят санаи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия бо ташаббус ва ҷоннисориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ин воқеаи муҳими таърихӣ садсолаҳо дар қалби тоҷикон боқӣ хоҳад монд.
Албатта, бо ин ҳама Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонеъ нагардида, баҳри пешравии Тоҷикистон ва некуаҳволии мардуми шарифи он пайваста талош меварзанд. Имрӯз Тоҷикистон – ватани маҳбубамон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ бо қадамҳои устувор ба пеш меравад. Нуфузу эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати ташаббускор ва созанда дар пешниҳодҳои беназири Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла татбиқи ташаббуси чорум дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамкориҳои зич бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд, инчунин баргузории конфронсҳои сатҳи баланди байналмилалӣ, аз қабили муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез асос меёбад. Дар ин радиф давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо ин вабои аср аз тамоми имконот истифода мебарад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ зимни кушодашавии конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва экстремизм” қайд намуданд, ки яке аз омилҳои паҳншавии терроризм интернет мебошад. Бар ин асос, ташкилотҳои террористӣ технологияҳои иттилоотии замонавиро фаъолона истифода мебаранд. Аз ҷумла, онҳо шабакаҳои интернетиро барои ташвиқу тарғиби экстремизм, ҷалби насли наврас ва ҷавонон ба сафҳои худ, омода ва роҳбаладии онҳо барои амалҳои зишт ва харобиовар истифода мебаранд. Вобаста ба ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, ки “Терорризм ватан, забон, нажот ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонида, тадбирҳоро мувофиқ сохтан зарур аст”.
Қобили зикр аст, ки бо заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушд ва барои зиндагии шоистаи мардум дар мамлакат бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодиёти кишвар ва дар ин замина амалишавии чор ҳадафи тақдирсози стратегии Ҳукумати мамлакат: истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар корҳои зиёде ба анҷом расида истодаанд. Вобаста ба амалишавии ҳадафҳои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар санаи 16 ноябри соли 2018 ба кор андохтани аввалин агрегати НБО “Роғун” ва 9 сентябри соли 2019 ба кор андохтани агрегати дуюми НБО “Роғун” аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадами устувор дар рушди на танҳо Тоҷикистон, балки манотиқи Осиёи Марказӣ гардид. Ин рӯйдоди воқеан муҳим дар таърихи миллат бо хатҳои заррин асрҳо боќї мемонад.
Бешубҳа, заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллат беандоза аст. Мутаассифона, ин талошҳои Пешвои миллат баҳри пойдории миллат аз ҷониби нотавонбинони бенангу номус ва хоинони миллат дар хориҷи кишвар бо дастгирии хоҷагонашон тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ мавриди навиштаҳои муғризона қарор гирифтааст ва мардуми меҳнатдӯсту ватандӯсти тоҷикро баҳри амалишавии ниятҳои нопок ва манфиатҳои ғаразноки худ ба гумроҳӣ меандозанд. Албатта, мардуми бо нангу номус, фарҳангсолор ва шарафманди тоҷик ба ин даъватҳо дода нашуда, дар партави Пешвои миллат устуворона ќадам мениҳанд ва Ватани маҳбубро боз ҳам ободу зебо намуда истодаанд. Шаҳодати ин гуфтаҳо дар дигаргуниҳои куллӣ дар рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дида мешавад. Бахусус, ба истиқболи ҷашни бузург – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат сохтмони иншоотҳои замонавӣ, таъсиси корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ ва дар ин замина бо кор таъмин намудани аҳолӣ, сохтмони мактабҳои замонавӣ ва бо ашёҳои муосири хониш таъмин намудани онҳо ва ғайра амалӣ гардида истодааст. Инчунин, дар фазои сулҳу оромӣ ва амният дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардидани чорабиниҳои сатҳи байналмималӣ дар кишвар, аз ҷумлаи 20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ки дар назар аст, далели ҳамкориҳои судманд, сиёсати муваффақонаи хориҷӣ ва тинҷиву оромии Ватани маҳбубамон мебошад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳар як фарди бо нангу номуси миллат бояд аз заҳматҳои Пешвои миллат ибрат гирифта, сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатро пеша намояд ва фаъолияти худро ба нафъу пешравии ҷомеа равона созад. Истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатиро дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ баргузор намуда, зери шиори “Тоҷикистон бо Пешвои миллат ба пеш!” ҳаракат намоем.

Ф.М. Ғафоров,
вакили Маҷлиси вакилони халқи
ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе