Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, даъвати шашум

23.12.2022 13:54

 

Санаи 22 - уми декабри соли 2022 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халки ноҳияи Исмоили Сомонӣ даъвати шашум баргузор гардид.
Рўзномаи иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, даъвати шашум аз рўи масъалаҳои зерин тасдиқ карда шуданд:
1. Ҳисоботи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ “Оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ёздаҳ моҳи соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023”
2. Баррасии лоиҳаи буҷети ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои соли 2023 ва тасдиқи иҷрои буҷети ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар соли 2021.
3. Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаҳои кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Маҷлиси вакилони халқи ноҳия барои соли 2023.
4. Ҳисоботи Комисияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия “Оид ба масъалаҳои тараққиёти саноат, сохтмону меъморӣ, энергетика, нақлиёт, алоқа ва хоҷагии роҳ”.
5. Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҳавзаи интихоботии №14.
6. Дар бораи тасдиқи қарорҳои раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ.