КОНСТИТУТСИЯ БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

04.11.2022 16:47

 

Таҳти ин унвон имрӯз дар доираи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар толори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур бахшида ба таҷлили 28 – умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Конститутсия бахтномаи миллат» ташкил ва баргузор кард шуд.
Дар кори конференсия Шарифзода Наригис Достӣ - муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Сангинзода Ғайрат - Раиси суди ноҳия, Иброҳимзода Амир - сардори Раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулзод Махкам Ҷума – муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва Бобозода Шариф - муовини Ректор оид ба таълимии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.
Мақсад аз ташкил ва баргузор намудани конференсияи мазкур ин пеш аз ҳама баланд намудани ҳисси ватандўстӣ ва эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти Ватан ба ҳисоб меравад.
Тавре ба мо маълум аст, санаи 6 - уми ноябри соли 1994 барои мардуми тоҷик, санаи тақдирсози миллат ба ҳисоб рафта, зеро маҳз дар ҳамин сана бо роҳи райпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1929 то имрӯз, 5 маротиба, солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 Конститутсия қабул кардааст.
Дар фарҷом роҳбарият, як қатор омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ бо сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиктстон ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.