ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ “ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ” ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

27.10.2022 12:18

 

Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 22 августи соли 2022, №442 “Дар бораи ташкил ва баргузории озмуни шаҳрии “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” қарори Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 7 октябри соли 2022, таҳти №345 ба тасвиб расида, санаи 26 октябри соли 2022 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе даври дуюми озмуни шаҳрии “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” бо иштироки аъзои комиссия, доварон, хонандагону омӯзгорон ва иштирокчиёни озмун баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки озмуни навбатӣ аз озмунҳои пешин бартарии зиёд дошта, яке аз бартариҳои озмуни мазкур ин иштироки тамоми қишрҳои ҷомеа мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки озмуни мазкур аз рӯи номинатсияҳои зерин гузаронида мешавад;
1. Эҷоди шеъри беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе;
2. Қироати беҳтарини шеър дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе;
3. Иҷрои суруди беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе;
4. Иҷрои суруди беҳтарини гурӯҳӣ дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе;
Озмуни шаҳрӣ “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” аз се давр иборат буда, аз моҳи сентябр то моҳи ноябри соли ҷорӣ ба таври зайл гузаронида мешавад.
Даври якум – моҳҳои сентябр – октябр дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, дигар ташкилоту муассиса ва корхонаҳо;
Даври дуюм – нимаи дуюми моҳи октябр дар сатҳи ноҳия бо иштироки ғолибони даври якум;
Даври сеюм - (шаҳрӣ – асосӣ) нимаи аввали моҳи ноябр бо иштироки ғолибони даври дуюм баргузор мегардад.